17 марти соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ иборат аз роҳбарият ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ сафарӣ корӣ анҷом дод.
Дар рӯзи аввал гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони Ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ якҷо бо намояндагони МИҲД-и Ванҷ вохӯрӣ доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зиддисухтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии серхароҷот, вусъат бахшидани раванди корҳои бунёдкорию созандагӣ, омодагӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз, ташкили озмунҳо, ба роҳ мондани фаъолияти доимии боғҳои фарҳангӣ, шинонидани ниҳолҳо, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, киштикору баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.