Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
1:17 pm, April 17, 2024
22°C
Wind: 4 mph
Pressure: 1016 mb

Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд

Дар Донишгоҳи SOAS-и шаҳри Лондон аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Британия зери унвони «Рӯдакӣ- падари шеъри форсӣ, дарӣ/тоҷик» барномаи илмӣ- фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он аз рӯйи нимпайкараи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ ба барнома ҳусни оғоз бахшида, ду профессори донишгоҳи SOAS сухан гуфта, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ намуданд.

Дар ҷамъомад президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Дагихудо Дагиев, Отамбек Мастибеков, Гулсифат Шаҳидӣ, Фирӯза Абдуллоева-Мелвилл, инчунин корманди донишгоҳи SOAS Наргис Фарзод ва Ҷеймс Вайт аз Оксфорд оид ба шахсияти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва осори шоир сухан гуфтанд.

Сипас дар Театри  «Brunei gallery lecture» барномаи фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он теъдоде  аз алоқамандон ва донишҷӯён аз саросари Британия иштирок доштанд.

Дар барнома ҳунармандони Тоҷикистон аз ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ суруд хонданд, ки мавриди истиқболи ҳозирин қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки дар таърихи дипломатия ва фаъолияти фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аввалин барномаи таъсиргузор аст, ки дар ҳамкорӣ бо донишгоҳи  SOAS дар Лондон баргузор шуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
1:17 pm, April 17, 2024
22°C
Wind: 4 mph
Pressure: 1016 mb