Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
07:50, December 23, 2024
temperature icon -0°C
Humidity 93 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 марти соли 2024 дар Кумитаи рушди сайёҳи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбахшида ба таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, хабарнигорон ва рӯзноманигор аз АМИТ “Ховар”, радиои “Ховар”, радиои “Садои Душанбе”, радиои “Тоҷикистон”, радиои “Фарҳанг”, маҷаллаи “Ҷумҳурият”, ва ҳайати кормандони Кумита баргузор карда шуд.

Дар кори ҳамоиш нахуст раиси Кумита бо маъруза чорабиниро оғоз бахшида пеш аз ҳама ба намояндагони матбуоти кишвар ба муносибати Иди касбиашон табрику таҳният гуфта ба онҳо пешрафти кору фаъолияташон таманниётҳои нек намуд.

Ҳамзамон мавсуф дар рафти маъруза қайд намуд, ки дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд матбуот аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад.

Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият, чун узви ҷудонашавандаи матбуоти пешқадами ҷаҳонӣ дар тӯли 32- соли Истиқлолият тадриҷан аз як зина ба зинаи дигар қадами устувор гузошта, ба Тоҷикистон ва сокинони он софдилона хизмат кард.

Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷаллаҳо ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонад ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Зеро ҷомеа ба ахбор доир ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва умуман ҳамаи шохаҳои ҳокимият ниёз дорад, ки ин яке аз аслҳои бунёдии ҷомеаи озоди демократист.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иброз доштанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».

Аҳли қалами тоҷик бори аввал 11-уми марти соли 1912 нахустин рӯзномаи тоҷикиро бо номи «Бухорои шариф» чоп карданд, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми мо дар зиёда аз садсоли гузашта маҳсуб мешавад.

Имсол аз чопи ин рӯзнома 112 сол сипарӣ гардид. Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.

Барои ба вуҷуд омадани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ фарзандони равшанзамиру маърифатпарвари миллат, ки ба фаъолияти муассири ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии худ дар он замон эътибори баланд доштанд, саҳми босазо гузоштаанд.

Айни замон дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, такмили онҳо мунтазам идома меёбад.

Фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳамтии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд.

Соҳаи сайёҳӣ дар кишвар имрӯз бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуда, сол то сол таваҷҷуҳи сайёҳони бурунмарзӣ ру ба афзоиш намуда истодааст.

Имрӯз дар кишвар тамоми инфрасохтори хизматрасон, аз ҷумла меҳмонхонаҳо, ҳомстей ва хостелҳо, тарабхонаҳо ва оссоишгоҳу табобатгоҳҳои ҷавобгу ба талаботҳои муосир ба сайёҳон хизмтрасонӣ намуда истодаанд.

Нақши матбуоти тоҷик дар инъикос ва таблиғу ташвиқи зарфияту назокатҳои сайёҳии кишвар ниҳоят муҳим ва арзишманд арзёби гардида, барои муаррифии кишвари азизамон ҳамчун кишвари сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ба як қатор кормандони соҳаи матбуқот барои таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чорабиниҳои сайёҳӣ бо орзуҳои нек ва арзи сипос ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик бо “Сипоснома” -ҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиктистон сарфароз гардонида шуданд.

Бо истифода аз фурсати мусоид раиси Кумита такроран ба аҳли қалам Рӯзи матбуотро, ки аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ – «Бухорои шариф» маншаъ гирифтааст, самимона табрик гуфта, ба аҳли матбуоти кишвар саломатӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳои эҷодиашон барору комёбӣ орзу намуд.

Чорабинӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
23 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 23 Dec 2024 00:05 UTC
Latest change: 23 Dec 2024 00:05 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
07:50, December 23, 2024
temperature icon -0°C
Humidity 93 %
Pressure 1025 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph