Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:49, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin 2024 дар шаҳри Берлини Олмон

5-уми марти соли 2024 дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии ITB Berlin 2024 оғоз гардида, то 7 март идома меёбад. Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар масоҳати 60 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва намояндагони воломақоми кишвари мизбон иштирок намуданд.

Имсол дар намоишҳои ITB Berlin беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ ва меҳмонхонаву тарабхонаҳо бартарияти рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, гастрономӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷик ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ доранд.

Дар гӯшаи Тоҷикистон маводи таблиғотӣ оид имконияти сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаши тамошобинону дӯстдорони сайру саёҳат гардид.

Бояд гуфт, ки иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin» ҷиҳати муаррифии ҳарчи бештари имконоти сайёҳии мамлакат, ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон ва тақвияти ҳамкории самарабахш байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Соли равон дар «ITB Berlin» тақрибан 161 давлати ҷаҳон ва қариб 6 ҳазор нафар мутахассисону коршиносони соҳаи сайёҳӣ ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ҷаҳонӣ гӯшаҳои алоҳида таъсис дода, имконот ва хизматрасониҳои саёҳатиро ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

Иштироки ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии роҳи самараноки ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои васеъ гаштани ҳамкории ширкатҳои туристии ҷумҳурӣ бо ширкатҳои давлатҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта заминаи мусоид фароҳам меорад.

Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мебошад ва намояндагони бахши туризми кишвар дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм аз соли 2011 инҷониб дар чорабиниҳои ин созмони бонуфуз иштирок менамоянд.

Шомил гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти ин ташкилоти бонуфуз барои ворид шудани соҳаи туризми кишвар ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаи воқеӣ гузоштааст.

Дар ин раванд бо дарназардошти захираҳои бойи таърихию фарҳангии кишвар ЮНЕСКО ва Созмони умумиҷаҳонии туристӣ Тоҷикистонро ба барномаи «Тарғиби мероси таърихии давлатҳои Шоҳроҳи Абрешим» шомил намудаанд.

Иштирок дар ин намоишгоҳ имкон медиҳад, ки иншооти таърихию фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеъҳои туристӣ муаррифӣ шаванд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
20:49, December 21, 2024
temperature icon 3°C
Humidity 65 %
Pressure 1025 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph