Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:55, July 27, 2024
temperature icon 25°C
Humidity 50 %
Pressure 1003 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

12 феврали соли 2024

Имрӯз Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 баргузор гардид.

Нахуст раис Кумита вобаста ба натиҷагирии фаъолият дар соли 2024 ва корҳои анҷомдодашуда, баромад ва суханронӣ намуда, ба ҳозири маълумотҳои муфассал пешниҳод намуд.

​Қайд гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар соҳаи сайёҳӣ фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Кумитаи рушди сайёҳӣ, консепсияву стратегияҳо ва барномаву дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Кумитаи рушди сайёҳӣ дар давоми соли 2023 корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Дар ин давра Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри иҷрои вазифаҳои марҳилаи дуюми татбиқи Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои солҳои 2023-2026, ки асосан ба самтҳои индустрикунонии босуръати бахши сайёҳӣ, таҳкими захираҳои кадрии соҳа, муаррифии захираҳои сайёҳӣ ҳамчун бренди миллӣ, дастгирии иттилоотии бахши сайёҳӣ, маркетинг ва пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ нигаронда шудааст, корбарӣ намуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон 4 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуда, дар маҷмуъ 18 санади ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Араб, Шри-Ланка, Урдун, Узбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Швейтсария, Фаронса, Кувайт, Туркманистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Белоруссия, Қатар ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба имзо расонида шудааст.

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии иқтидорҳои соҳаи сайёҳии кишвар махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ 55 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 37 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуданд.

Аз ҷумла, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар давраи ҳисоботи Кумита дар 10 намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии кишварҳои Эрон, Олмон, Россия, Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Корея фаъолона иштирок намуд.

Ҷиҳати таъмини иқтидори кадрии соҳа таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита 21 нафар намояндагони сохторҳои давлатии соҳаи сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо аз 11 то 17 сентябр дар машғулияти омӯзишӣ дар мавзӯи “Банақшагирӣ ва идоракунии сайёҳӣ”, ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва баланд бардоштани касбияти масъулини нуқтаҳои хизматрасонӣ ба меҳмонон ва сайёҳон, бо ҷалби 4 нафар ровиён аз Ҷумҳурии Туркия барои 557 нафар кормандони тарабхона, ошхона ва қаҳвахонаҳои мамлакат машғулияти омӯзишии кутоҳмуддат ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар давраи ҳисоботи сабти барномаи телевизионии “Магия вкуса” тариқӣ шабакаи “Моя планета”, сабти барномаи телевизионии «Поедем, поедим!» тавассути шабакаи НТВ ва сабти видеороликҳои рекламавӣ бо хронометражи 15, 30 ва 120 сония тариқи шабакаи ҷаҳонии “BBC World News” пурра ба анҷом расид. Ҳамзамон, дар маҷаллаи ҷаҳонии “National Geografic” мақола ва аксҳо аз манзараҳои сайёҳии кишвар таҳия ва нашр карда шуд.

Кумита ҷиҳати рушд додани корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи барномасозӣ портали миллии сайёҳии кишвар (traveltajikistan.tj) ва сомонаи расмии Кумитаро (ctd.tj) пурра дар шакли нав ва ҷавобгуй бо талаботҳои муосири барномасозӣ омода намуд.

Бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар симои сайёҳии ватани маҳбубамон мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро дар арсаи байналмилалӣ касб намудааст. Дар давраи ҳисоботӣ, дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид.

Боиси хушнудӣ аст, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар доираи Ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои Испания ва Ӯзбекистон дар Кумита оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид. Ин муваффақият барои мавқеи Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли СУС нақши муҳим мебозад.

Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон аз раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» дар ҷойи якум қарор гирифт. Дар раддабандии соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор гирифта буд.

Шумораи умумии шаҳрвандони ба кишвар воридшуда дар соли 2023, 1 358,0 ҳазор нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1 256, 2 ҳазор нафар ё 92,5 фоиз ба давлатҳои ИДМ ва 101,8 ҳазор нафар ё 7,5 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, 1 201 000 нафар ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 ҳазор нафар сайёҳ ё 20,2% зиёд мебошад.

Тибқи маълумотҳо, ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 121 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, ки ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон, Ӯзбекистон бо 805,9 ҳазор нафар (ё 15% зиёд), Россия бо 262,4 ҳазор нафар (ё 92,8% зиёд), Қазоқистон 31,5 ҳазор нафар (ё 31,8 % зиёд), Хитой 13,0 ҳазор нафар (ё 490 % зиёд ё ин ки 4,9 маротиба) ва Туркия 10,8 ҳазор нафар (ё 61,2 % зиёд) шомил гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ, тибқи маълумотҳои оморӣ дар маҷмӯъ 306 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 190 меҳмонхона, 34 хостел ва мотел, 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ ба ҳисоб меравад.

Аз шумораи мазкур дар шаҳри Душанбе 36 меҳмонхона, 9 хостел, мотел ва дигар намуди меҳмонхона бо иқтидори 1925 ҳуҷра ва 3720 катҳои хоб ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизматрасонӣ намуда истодаанд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 224 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии Кумита фаъолият намуда истодаанд, ки аз ин миқдор дар ВМКБ 41 ширкати сайёҳӣ, дар шаҳри Душанбе 106 адад, Вилояти Суғд 45 адад, вилояти Хатлон 17 адад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 15 адад рост меояд.

Айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ду лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Аз ҷумла, Лоиҳаи рушди сайёҳӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10,0 миллион доллари ИМА ҷиҳати таҳкими омодасозӣ ва тарҳи лоиҳаҳо, омода намудани суратҳисоби ёрирасони сайёҳӣ ва нақшаи рушди сайёҳӣ, гузаронидани пурсишҳо, муайян намудани руйхати сармоягузориҳо тариқи хизматрасониҳои машваратӣ амалӣ мегардад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур бо ҷалби ду ширкатҳои консалтингии хориҷӣ таҳия намудани Нақшаҳои генералии сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе ва атрофи он, куҳҳои Фон ва шаҳри Панҷакент оғоз гардида, идома дорад.

Лоиҳаи рушди иқтисодёти деҳот, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо арзиши 30,0 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ гардида, аз он 15,7 миллион доллари ИМА барои рушди соҳаи сайёҳӣ равона гардидааст. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби МД “Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот” и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди татбиқ қарор дорад.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар саҳм арзанда мегузорад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
26 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 26 Jul 2024 13:25 UTC
Latest change: 26 Jul 2024 13:25 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
04:55, July 27, 2024
temperature icon 25°C
Humidity 50 %
Pressure 1003 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph