Имруз дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ, ки аз 12 – 15 феврали соли 2024 баргузор мегардад ҳусни оғоз бахшида шуд.
Дар чорабинии болозир ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Салимзода Зиёдулло раҳбарӣ намуда, дар якҷоягӣ бо кормандони дастгоҳи марказии Кумита ва ширкатҳои сайёҳии кишвар гушаи сайёҳии кишварро бо намоиши имконияту зарфиятҳои сайёҳии кишвар, аз ҷумла намудҳои сайёҳӣ ва хатсайрҳои сайёҳии гуногун ташкил намуданд.
Меҳмонон ва иштирокчиёни Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатӣ аз гушаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, изҳору ҳавасмандӣ барои сафар ба кишвари офтобруяи мо намуданд.
Бояд қайд кард, ки байни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ 18 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар рушти соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.
Итминон меравад, ки бо тақвият додани ҳамкориҳо дар самти сайёҳӣ миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити сайёҳон боз ҳам зиёдтар мегардад.