28 январ дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври 1/4-ниҳоӣ баромад.
Бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гардид.
Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи вақти изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун рӯзи 2 феврал бозӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар аввалин иштирокаш дар Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.