Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
12:42, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 18 %
Pressure 999 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Мулоқот бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири иҷроияи Фонди Қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ мулоқот намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо ба манфиати ҳар ду давлат табодули андеша карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишвари мо барои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Давлати Қатар дар соҳаҳои саноату энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисоди сабз “Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул намудааст. Тоҷикистон имкон дорад 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардад.

Бо дарназардошти захираву имкониятҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика, пешниҳод гардид, ки ҷониби Қатар дар татбиқи тарҳҳои муҳими соҳа барои манфиати ду кишвар саҳм гузорад.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар кишвар таъсиси “Фонди муштараки иқтисодию сармоягузорӣ” зарур шумурда шуд.

Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ду кишвари дӯст саҳми босазо мегузоранд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
12:42, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 18 %
Pressure 999 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph