Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:28, July 27, 2024
temperature icon 30°C
Humidity 37 %
Pressure 1003 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph

Муаррифии Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj»

17 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти вазорату идораҳои кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ширкатҳои сайёҳӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар доираҳои соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ Платформаи рақамии сайёҳии «Tour.tj» муаррифӣ гардид. Чорабинии мазкурро муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ – Салимзода Зиёдулло ифтитоҳ намуда, қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди самти сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир намуда, дар ин замина бо мақсади тавсеаи раванди рақамикунонии иқтисодиёт, аз ҷумла дар бахши сайёҳӣ, ҷалби сармоя, муаррифии захираҳои сайёҳии мамлакат ба ҷаҳонгардон тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст. Ҳамзамон мавсуф оид ба зарфиятҳои сайёҳии кишвар ва аҳамияти платформаи мазкур барои суръат бахшидани раванди рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин истифодаи хизматрасонӣ ва ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ изҳор доштанд.

Мавриди зикр аст, ки бори нахуст, дар ҷумҳурӣ барои ҳамгироии низоми ягонаи фармоишидиҳии бастаҳои сайёҳии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ Платформаи рақамии сайёҳӣ таҳия гардид. Дар кори чорабинӣ, таҳиягарон платформаи мазкурро пурра муаррифӣ намуда, субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, ба вижа ширкатҳои сайёҳӣ барои ҳамкорӣ дар истифодаи низоми мазкур даъват гардиданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:28, July 27, 2024
temperature icon 30°C
Humidity 37 %
Pressure 1003 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph