Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:26, July 27, 2024
temperature icon 30°C
Humidity 37 %
Pressure 1003 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои молиявию бонкӣ, маориф, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои ҷавонон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат Пешвои миллат фаъолияти сохторҳои зикргардидаро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, аз роҳбарони навтаъингардида барои фаъолияти боз ҳам самараноку сифатноки сохторҳои мазкур масъулияту иродаи қавии роҳбариро талаб намуданд.

Тарбияи ҷавонони соҳибкасбу баландихтисос аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин замина тадбирҳои муассир амалӣ шуда истодаанд, – иброз доштанд Сардори давлат.

 «Дар такя ба нерӯи созандаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва омода кардани мутахассисони дорои донишу малакаи ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муассисаҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ мо метавонем дар оянда рушди устувори давлати худро таъмин намоем» – таъкид карданд Президенти мамлакат.

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат, таваҷҷӯҳи зарурӣ ба забономӯзӣ ва интихоби дурусти касбу шуғл, интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавон дар зинаҳои гуногуни илм, дастгирии олимони ихтироъкору навовар, ислоҳот дар сохторҳои институту пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳо, алоқамандии илм ба истеҳсолоту ихтироот, ҳарчи зудтар таъмин намудани шароит барои пурра гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ, иқтисодӣ рақамӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буданд.

Роҳбарони намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

«Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мутахассисоне лозиманд, ки баҳри пешрафту рушд ақлу заковат, маҳорат ва ҳастии худро дареғ надоранд,» – таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми мулоқот.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:26, July 27, 2024
temperature icon 30°C
Humidity 37 %
Pressure 1003 mb
Wind 9 mph
Wind Gust: 0 mph