Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:36, July 27, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 29 %
Pressure 1002 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

МАВЗЕЪҲОИ БЕҲТАРИНИ ИСТИРОҲАТИИ ТОҶИКИСТОН. Асоси воситаи табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм»- обҳои маъданноки дармонбахш

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мавзеъҳои беҳтарини курортӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки тамоми фасли сол фаъолият менамояд, осоишгоҳи «Хоҷа Оби Гарм» мебошад. Ин осоишгоҳ бо камоли хушнудӣ тамоми фасли сол меҳмонони хориҷиву дохилиро дар Тоҷикистони офтобӣ ва кӯҳҳои пурасрори он истиқбол намуда, онҳоро бо сарватҳои нодири табиӣ, махсусан имконияти сайёҳӣ  шинос менамояд. Ин осоишгоҳ соли 1935 таъсис ёфта, дар масофаи 50 километр дуртар аз пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе, дар дараи хушманзараи Варзоб, дар баландии қариб 2000 метр аз сатҳи баҳр  воқеъ аст.

Бояд гуфт, ки соли 2011 бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмири асосии шифохонаи «Хоҷа Оби Гарм» оғоз гардид. Давоми қариб 90 соли фаъолият шифохона мақоми ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст.

Асоси воситаи табобати курортӣ дар «Хоҷа Оби Гарм» обҳои маъданноки дармонбахш ҳастанд. Обҳои маъданноки осоишгоҳ дорои азоти креминистӣ, сулфату гидрокарбонат буда, ҳарорати гармии он аз +56 то +96  С дараҷаро дар бар мегирад.

Дар осоишгоҳ ҳуҷраҳои бароҳат, ки бо ҳама чизҳои зарурӣ барои зист ва истироҳати меҳмонон муҷаҳҳаз шудаанд, ба якчанд категорияҳо тақсим мешаванд — муқаррарӣ, роҳат, истиқоматгоҳ, VIP.

Дар шифохонаи «Хоҷа Оби Гарм» 3 маҳал хӯроки мутаносиб тартиб дода шудааст. Барои хӯрокпазӣ маҳсулот ҳамарӯза дастрас мешавад. Инчунин дар он кормандони тиббии махсус фаъолият мебаранд. Меъёри асосии интихоби кадрҳо хушмуомилагӣ ва ба одамон хоҳиши ёрӣ расонидан мебошад.

Бояд гуфт, ки «Хоҷа Оби Гарм» дар мавзеи хушманзараи кӯҳсор воқеъ гардидааст. Шифохонаро кӯҳҳо иҳота намудаанд, ки дар онҳо гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Сарчашмаи буғи радонҳои табиӣ омилҳои шифобахши асосӣ мебошанд.

Маҷмуи васеи муолиҷаҳои тиббӣ дар баробари омилҳои табиӣ барои барқароркунии саломатӣ мусоидат менамоянд. Дар шифохона муолиҷаҳои физиотерапевтӣ, фитотерапевтӣ, табобати радонӣ пешкаш мешаванд.

Ин мавзеъро яке аз муҷизаҳои беохири  табиӣ, сарчашмаи қувваи ҳаёт  гуфтан мумкин аст, зеро дар ин ҷо ҳар одам саломатии худро барқарор намуда метавонад.

Дар осоишгоҳ маҷмааи саломатӣ барои 700 нафар пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин ҷойҳои истироҳатӣ ва биноҳои муассисаҳои тандурустӣ рушд намудаанд.

Истироҳатгоҳ дар тамоми ҷаҳон яке аз мавзеъҳое мебошад, ки ба ҷои воситаҳои табобатӣ буғи радиоактивӣ истифода мешавад.

Ҳамзамон дар дараи Варзоб дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр Маҷмааи меҳмонхона ва фароғатии «Сароб» ҷойгир аст.

Осоишгоҳ  соли 2004 ба фаъолият оғоз намудааст. Бинои осоишгоҳ сеошёна буда, дорои 60  кат ва 30 ҳуҷраи  як,  ду, се  ва 4- нафара мебошад.

Дар ҳудуди он манбаи беназири радон, ягона гейсер- гармии ҷаҳон бо ҳарорати + 98 ° C мавҷуд аст, ки барои табобату фароғат хеле муфид мебошад.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумот дар маҷмуъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  38 муассисаи санаториву курортӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 4, Вилояти Хатлон- 9, вилояти Суғд- 18,  ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-  7 муассиса фаъолият мебарад, ки ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ пайваста хизмат мерасонанд.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:36, July 27, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 29 %
Pressure 1002 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph