Садои форами мусиқӣ, бозиҳо дар рӯйи барфу ях, нӯшидани чойи гарму рухсораҳои гулгун — ин ҳамаро метавонед дар оғӯши табиати барфпӯши «Сафеддара» бубинед ва эҳсос намоед. «Сафеддара» ягона машқгоҳи варзишии зимистона дар Тоҷикистон буда, ба мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил ёфтааст. Маҷмаа дорои инфрасохтори зарурии замонавӣ буда, дар он барои баргузории мусобиқаҳои зимистона ва истироҳату фароғати меҳмонону сокинони мамлакат тамоми шароит муҳайё аст.
Маҷмаа дар баландии 2300 метр ҷойгир шудааст. Иқлиму мавқеи ҷуғрофии ин минтақа дар дараи Такоби ноҳияи Варзоб имкон медиҳад, ки барф дар ин ҷо то моҳи май об нашавад ва ин албатта, барои нафароне, ки дӯстдори бозиҳои рӯи ях мебошанд, имконияти хубе аст барои амалӣ намудани шуғли дӯстдоштаашон то охири моҳи фасли баҳор.
«Сафеддара»- маконе аст, ки имкон медиҳад сайёҳони дохилию хориҷӣ ба Тоҷикистон на танҳо дар фаслҳои баҳору тобистон, балки дар зимистон низ омада, аз манзараҳои зебо, кӯҳу теппаҳои барфпӯш, обҳои нуқрагин ва ҳавои тозаи атрогинаш баҳра баранд.
Ин мавзеъ бо табиати зебо ва хизматрасонии сатҳи баландаш то дер гоҳ дар хотири сайёҳону гардишгарон боқӣ монда, зимистонҳои дигар низ онҳоро ба сӯи хеш мехонад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 иброз намуда буданд, «мавзеи хушманзараи Сафедорак, ки дар минтақаи сайёҳии ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, дорои имконияти васеъ дар самти истироҳату фароғат ва рушди туризми сайёҳӣ ва варзишӣ мебошад».
Дар ин мавзеъ баҳри таҳким ва рушди навъҳои варзиши зимистона инфрасохтори зарурии мавзеъ ва мактаби варзишии лижаронӣ бунёд шудааст.
Муҳайё намудани шароити хуби хизматрасонӣ дар мавзеъҳои истироҳату фароғати мамлакат, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, муаррифии шоистаи табиати зебо ва пеш аз ҳама, таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ дар қатори мамлакатҳои аз ҷиҳати қабули сайёҳон пешрафтаи олам мақоми арзанда пайдо намояд.
Бо мақсади рушду инкишофи варзиши лижаронӣ дар мамлакат ва ҳамзамон бо ин омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш дар мавзеи Сафедорак маркази варзишӣ бо 60 ҷойи нишаст бунёд шудааст. Он имконият медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз шароити беҳтарини муҳайёшуда таҳсилу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин дар ин мавзеъ меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули то 240 меҳмон, маркази солимгардонӣ ва толори баргузории конфронсҳо барои 120 нафар амал менамоянд. Инчунин дар ҳудуди маҷмаа 10 коттеҷи 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, 6 адад аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4 адад аз чӯби гирдшакл бо услуби аврупоӣ сохта шудааст.
Тавре қаблан иттилоъ додем, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойгоҳи болоии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» ифтитоҳ гардида, ба оғози ҳаракати лижаронҳо дар ин масир оғоз бахшида шуд.
Роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» дар масофаи 7,2 км сохта шуда, дар умум роҳи лижаронӣ дар маҷмаа аз поён то ба боло 30 км-ро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеъ, ҷалби бештари сайёҳону меҳмонон, тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат, ба сатҳи байналмилалӣ баровардани хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва таъмини лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ тадбирҳо андешида шавад.
Бояд такид намуд, ки сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо намудани сокинон аз имконоти гардишгарии мамлакат, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас мерасонад. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ бо мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандӯстиро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.
Ба раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии сабтшуда ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мусоидат менамоянд.
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ мунтазам тадбир меандешад.
Сарчашма: АМИТ «Ховар»