Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
14:01, July 31, 2025
35°C
16 %
1001 mb
9 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 40%
Sunrise: 05:25
Sunset: 19:36
Hourly Forecast
14:00
temperature icon
35°/37°°C 0 mm 0% 9 mph 16% 1001 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
35°/36°°C 0 mm 0% 11 mph 14% 1001 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
27°/30°°C 0 mm 0% 6 mph 16% 1002 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 19% 1005 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
23°/23°°C 0 mm 0% 4 mph 22% 1005 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
20°/20°°C 0 mm 0% 2 mph 24% 1006 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
29°/29°°C 0 mm 0% 4 mph 16% 1006 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
34°/34°°C 0 mm 0% 10 mph 11% 1006 mb 0 mm/h

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаи сохтмони бинои Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд

22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо нақшаи биноҳои нави Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойи бунёди Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро муайян ва ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки тавассути такмил додани лоиҳа тамоми шароит барои кору фаъолияти кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва саноат фароҳам оварда шавад.

Бинои нави Вазорати маориф ва илм бо назардошти фароҳамсозии шароити хуби кору фаъолият барои зерсохторҳои вазорат сохта шуда, имкон медиҳад, ки тамоми кормандон дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замони кунунӣ таъмин карда шавад.

Бинои нави Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ бо санъати баланди меъморӣ сохта шуда, дорои ҳуҷраҳо барои фаъолият ва толорҳои барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳо мебошад.

Баъди бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам мешавад, ки кормандон аз шароити замонавӣ барои фаъолият, аз ҷумла ҳуҷраҳои мувофиқ барои кор, толорҳои барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун баҳравар шаванд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти муҳташами замонавӣ соҳибкорону сармоягузорон аз имконияти мусоиду сатҳи баланди хизматрасонӣ баҳравар мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа супориш доданд, ки сохтмони биноҳои нави вазоратҳоро бо назардошти сохти баланди меъмории замонавӣ, босифат ва мусоид барои кору фаъолият ба анҷом расонанд.

Айни замон дар шаҳри Душанбе сохтмони бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд, ки соли 2024 ба истифода дода мешаванд.

Ҳоло дар асоси нақшаи генералӣ мутобиқ ба талаботи муосири шаҳрсозӣ бунёди иншооти гуногуни маишию хизматӣ дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, ки аз рушди босуръати маркази Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат дода, ба ҳамин восита ба пешрафти дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ заминагузорӣ карда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти татбиқи нақшаҳои Ҳукумати мамлакат, таҳкими созандагиҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зиндагӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт намунавӣ арзёбӣ карда, роҳбарияти шаҳри Душанберо барои ҳамин гуна таъмин кардани раванди бунёдкориҳо, беҳтар намудани шароит ҷиҳати кору хизматрасонӣ ва омодагии комил ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.73
US TJS/USD9.53
EU TJS/EUR10.98
RU TJS/RUB0.12
31 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 31 Jul 2025 03:30 UTC
Latest change: 31 Jul 2025 03:30 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
14:01, July 31, 2025
35°C
16 %
1001 mb
9 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 40%
Sunrise: 05:25
Sunset: 19:36
Hourly Forecast
14:00
temperature icon
35°/37°°C 0 mm 0% 9 mph 16% 1001 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
35°/36°°C 0 mm 0% 11 mph 14% 1001 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
27°/30°°C 0 mm 0% 6 mph 16% 1002 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
25°/25°°C 0 mm 0% 3 mph 19% 1005 mb 0 mm/h
02:00
temperature icon
23°/23°°C 0 mm 0% 4 mph 22% 1005 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
20°/20°°C 0 mm 0% 2 mph 24% 1006 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
29°/29°°C 0 mm 0% 4 mph 16% 1006 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
34°/34°°C 0 mm 0% 10 mph 11% 1006 mb 0 mm/h