Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:04, July 27, 2024
temperature icon 29°C
Humidity 39 %
Pressure 1003 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Боздид аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз гармхонаи парвариши лимон дар Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар ноҳияи Кӯшониён боздид карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомон-Бохтар” дар масоҳати 50 гектар таъсис ёфта, майдони 3 гектарро боғ, 30 гектар пахта, 8 гектар ғалладонагиҳо, 1,5 гектар картошка ва 3,9 гектарро замини кишти хуроки чорво ташкил медиҳад.

Дар хоҷагии мазкур, ки роҳбариашро Ҷобирзода Маҳмадтолиб ба уҳда дорад, 10 гармхона бунёд шудааст. Сохтмони гармхона аз соли 2012 оғоз гардида, соли 2016 аз тарафи Президенти мамлакат зимни як сафари корӣ ба истифода дода шудааст.

Баъди бунёди гармхона 6 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Истеҳсоли лиму дар хоҷагӣ дар соли 2022 – 40 тонна ва соли ҷорӣ бошад, ҷамъоварии он ба 50 тонна расонида мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда дар дохили кишвар ва ба Федератсияи Русия содирот мегардад.

Даромади хоҷагӣ аз ҳисоби гармхона аз 300 то 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Муассиси хоҷагӣ ба нақша гирифтааст, ки дар 3,0 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда бунёд намуда, аз ҷумла дар майдони 2,0 гектар лимон ва дар майдони 1,0 гектар кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ монад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Кӯшониён дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 48 гектар гармхонаҳои лимупарварӣ мавҷуд аст, ки аз он 39,6 гектар ҳосилдиҳанда мебошад.

Дар соли 2022 – 263,6 тонна лимон истеҳсол карда шудааст, ки аз он дар бахши ҷамъиятӣ аз 9,0 гектар – 133 тонна ва аз 30,6 гектари аҳолӣ 130,6 тонна лиму истеҳсол гардидааст. Ҳосилнокии лимӯ аз 1 гектар 66,5 сентнериро ташкил медиҳад.

Баъди шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори деҳқонон дар самти истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ баҳои баланд доданд.

///http://www.president.tj/node/32092

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:04, July 27, 2024
temperature icon 29°C
Humidity 39 %
Pressure 1003 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph