Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:26, July 27, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 29 %
Pressure 1002 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои  бунёди филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос шуданд.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки бунёди филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғараро ба роҳ монад.

Зимни муаррифии лоиҳаи филиали донишгоҳи мазкур дар ноҳияи Данғара иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот талаботи замон буда, он аз рӯйи лоиҳа аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 3, 5 ва 8-ошёна иборат мебошад. Бинои таълимии сохташавандаи филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара барои 5000 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.

Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро дода мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ ва фаннӣ, ҳамчунин филиали донишгоҳ дар ноҳияи Данғара аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ – электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Бунёди кӯдакистон дар ҳудуди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои 250 нафар фарзандони кормандону омӯзгорон пешбинӣ шуда, он аз 3 ошёна ва як бинои асосӣ иборат аст.

Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ бо усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб хоҳанд шуд. Аз рӯи нақша кӯдакистон дар рӯзҳои таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Бунёди иншооти зинаи аввали таҳсилот дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ амалӣ гардида, дастоварди хуб дар ин самт маҳсуб мешавад.

Лоиҳаи дигари муаррифигардида гармхонаи типи нав аст, ки барои парвариши гулҳои ороишӣ пешбинӣ шудааст.

Гармхона дар масоҳати 360 метри мураббаъ замин бунёд гардида, парвариш ва нигоҳубини гулҳо дар он бо усули обдиҳии қатрагӣ роҳандозӣ гардида, дар дигар фаслҳои сол низ имконияти парвариш ва нигоҳубини хуби растанӣ мавҷуд аст.

Гулҳое, ки дар ин ҷо парвариш меёбад, барои зебо ва хуррамгардонии атрофи муассиса, таъмини эҳтиёҷоти дигар ниҳодҳои ҳудуди шаҳри Левакант ва ноҳияҳои атроф истифода хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, барои анҷоми босифати корҳои бунёдкорӣ дар ин раванд дастурҳои мушаххас доданд. 

///http://prezident.tj/node/32088

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:26, July 27, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 29 %
Pressure 1002 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph