Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
6:18 am, February 22, 2024
1°C
Wind: 9 mph
Pressure: 1026 mb

Ифтитоҳи бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар шаҳри Левакант Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар масъулон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант нахуст бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлонро ба истифода дода, бо имконоти муосири донишомӯзӣ дар он шинос шуданд.

Бинои нави филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз рӯи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,55 гектар сохта шудааст.

Бунёди иншооти нави соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, аз таҳхона ва 7 ошёна иборат мебошад.

Бинои таълимӣ барои 2500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 4 марказ, аз ҷумла Маркази таҳқиқотии иқтисоди “сабз”, Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С муҳосибот мебошад.

Бунёди меҳмонхонаи таълимӣ, сервиси тарабхонавӣ ва тарабхонаи таълимӣ бо тамоми дастгоҳу аёниятҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз, китобхонаҳои илмӣ – электронӣ бо махзани ғании адабиёти бадеиву соҳавӣ ва толорҳои хониш бо 120 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва ошхона мутаносибан бо 500 ва 130  ҷойи нишаст аз имкониятҳои дигари иншооти нав аст.

Парки технологӣ ва филиали институти илмӣ – тадқиқотии донишгоҳ дар бинои нав аз бахшҳои дигари филиал аст, ки бо мақсади татбиқи донишҳои назариявии донишҷӯён дар амалия ва амиқтар омӯхтани илмҳои муосир дар доираи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҷойгир карда шудаанд.

Ҷараёни таълим дар филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шуъбаи таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯйи низоми таҳсили кредитӣ мувофиқи нақшаю барномаҳои давлатии таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар филиал имрӯз беш аз 930 нафар аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла сайёҳат ва осоишгоҳи табобатӣ, хадамоти гумрук, иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот, молия ва қарз, муносибатҳои байналмилалӣ ва идораи давлатӣ ба таҳсил ҷалб гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз имконоти муассиса ва фаъолияти марказу озмоишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотӣ таъкид намуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад. 

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо ифтитоҳи бинои мазкур баробари кормандон 100 нафар иловатан бо ҷойи кор таъмин гардида, оянда бо назардошти то 5 ҳазор расонидани донишҷӯён ин нишондод боло хоҳад рафт.

Донишгоҳ имрӯз бо беш аз 160 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷӣ, инчунин ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамкориҳои судманд дошта, бо мақсади баланд бардоштани маҳорату савияи тахассусӣ табодули академии омӯзгорону донишҷӯёнро роҳандозӣ намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имконоти муосир дар бинои нави филиали Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон бо таъсиси марказу озмоишгоҳҳои замонавӣ ва марказҳои инноватсионии аз худ кардани малакаҳои касбӣ барои донишҷӯён, ки дар самти амалишавии нақшаву барномаҳои таълимӣ, хусусан ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 – 2040 мусоидат мекунанд,  изҳори қаноатмандӣ карда, барои истифодаи васеи имконоти омӯзишӣ  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омода намудани мутахассиони касбӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.82
US TJS/USD10.96
EU TJS/EUR11.84
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 22 Feb 
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Feb 2024 00:05 UTC
Latest change: 21 Feb 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
6:18 am, February 22, 2024
1°C
Wind: 9 mph
Pressure: 1026 mb