Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
6:54 am, February 22, 2024
1°C
Wind: 7 mph
Pressure: 1026 mb

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароиту имконоти бинои нав шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот моҳи июли соли гузашта оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ қабл аз ҳама, бо дарназардошти талаботи соҳавӣ,  бо ҷалби 200 нафар сохтмончӣ анҷом дода шудааст.

Намои берунаи иншооти нав бо тарҳ ва шакли муосиру замонавӣ бунёд ва рангу оро ёфта, бинои асосӣ аз 5 ошёна бо таҳхона, инчунин, 2 бинои алоҳидаи дигари бо ҳам пайваст дар масоҳати беш аз 8 ҳазору 600 метри мураббаъ иборат аст. Бинои дуюм аз се ошёна бо таҳхона ва бинои сеюм аз ду ошёна бо назардошти таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ бунёд гардидааст.

Дар бинои нави муассиса 8 студияи муҷаҳҳазу барҳаво, ки барои сабти барномаҳои гуногуни телевизионӣ, оростани мусоҳибаву доир намудани пахшҳои мустақим бунёд ёфтааст. Аз ҷумла, студияҳои алоҳида барои барномаҳои иттилоотӣ – таҳлилӣ ва барномаи  “Субҳ ба хайр, Тоҷикистон” ташкил гардида, ороиши саҳна бо диду нигоҳи тоза ва мутобиқ ба барномаҳо анҷом дода шудааст. Алалхусус, барои пахши мустақими барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Навид”, ки ҳамарӯза 6 нашр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба эфир мебарояд, имконоти зарурӣ фароҳам гардидааст. Ҳамзамон, дар студияҳои мазкур таҷҳизоти наву замонавии наворбардорӣ, дастгоҳҳои марказии идоракунии ҷараёни сабти навор ва овоз харидорӣ ва васл шудааст.  Дар ин баробар, дигар барномаҳои телевизион низ минбаъд дар студияҳои барҳаво ва муҷаҳҳаз сабту пешниҳоди тамошобинон карда мешавад. Ҳамчунин дар саҳни бинои муассиса барои сабти мавсимии барномаҳо  майдони махсус бунёд карда шудааст.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки зарфияти дигар бинои нав дар он аст, ки дар ин ҷо студияи алоҳидаи виртуалӣ бунёд ва бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Камераҳои ин студия ба таври фосилавӣ идора гардида, технологияи нав имконият медиҳад, ки  мувофиқи талаботи барнома, дар реҷаи воқеии вақт саҳнаву ороиши он иваз карда шавад.

Дастгоҳҳои студияи виртуалӣ, ки бори нахуст дар мамлакат истифода мегардад, аз ширкатҳои маъруфи Амрико харидориву насб  гардида, барои таҳияи барномаҳои ҷолиб ва мувофиқ ба талаботи тамошобини имрӯз мусоидат хоҳад кард. Ин шеваи корбарӣ дар маъруфтарин шабакаҳои телевизионӣ васеъ истифода мегардад.

Дар ин баробар, муассиса барои сабти номераҳои консертӣ ва муаррифии ҳунару истеъдоди санъаткорон, студияи алоҳидаи барҳаво бо тамоми имконот, аз қабили дастгоҳҳои муосири сабт, равшанидиҳӣ ва саҳнаҳои зебову мунаққаш дорад.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар баробари студияҳои замонавию барҳаво ва дастгоҳҳои пуриқтидори соҳавӣ, дар иншооти  нав ҳамчунин шароити мусоид бо бунёд гардидани ҳуҷраҳои корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар маҷмуъ, бинои нав дорои  63  ҳуҷраи барҳавои корӣ буда, дар онҳо барои фаъолияти рӯзноманигорон, муҳаррирон, танзимгарон ва ҳайати техникӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, ҳамчунин бахши банду баст ва танзими барномаҳои муассиса бо компютерҳои пуриқтидор таъмин гардидаанд. Ҳар як идора дар алоҳидагӣ дорои танзимгоҳ ва ҳуҷраи сабти овоз буда,  дохили онҳо барои сабти овоз ва танзими барномаҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Тарҳ ва намои берунаву дохили бинои нави Муассисаи давлатии  “Телевизиони Сафина” бо диду нигоҳи тоза ва дизайни замонавӣ бунёду оро ёфтааст. Аз ҷумла, иншоот дорои роҳравҳои барҳавою зебо буда, дар дохили он лифт ҳам насб гардидааст. Бино дорои китобхона бо махзани бойи китобӣ буда, барои мутолиа дар он адабиёти бадеиву соҳавӣ дастрас аст. Ҳамчунин иншоот бо толори маҷлисӣ бо 100 ҷойи нишаст ва ошхонаи барҳаво таъмин буда, ҳуҷраи алоҳидаи наттоқон ва ҳуҷраи пардозгарӣ ташкил гардидааст ва иншоот бо системаи шаҳрии гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Аз он ки варзиш дар баробари омили ҳифзи солимӣ буданаш, ҳамчунин василаи зебоӣ ҳам ҳаст, дар бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” толори варзишӣ бо тамоми дастгоҳҳои муосири машқу тамрин ташкил гардидааст. Дар вақтҳои холигӣ кормандон имконият доранд, ки ба хотири пешбурди тарзи ҳаёти солим аз толори мазкур истифода баранд.

Ҳамчунин бо қомат афрохтани бинои нав, маъмурияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ҳадаф доранд дар оянда шабакаи радиои “Сафина”-ро ифтитоҳ намуда, барои шунавандагон низ барномаҳои ҷолиб ва хабару гузоришҳои дақиқу саривақтӣ пешниҳод намоянд.

Бо истифода аз шиша ва дигар маҳсулоти баландсифати сабуки сохтмонӣ орову зеб додани бино ҷолибу диққатҷалбкунанда буда, дар саҳни ҳавлии муассиса фаввораҳои зебо ҷойгир мебошад. Хусусан шомгоҳон иншооти мазкур зебу зинати дигар дорад, зеро ҳудуди он ба пуррагӣ ҷароғон гардида, тарҳи зебои он муосиру замонавӣ мебошад.

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” саҳми соҳибкорони ватанӣ буда, натиҷаи амалишавии  нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” аз ҷониби ширкати ватании “ТГЭМ” бунёд гардида, ба Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” туҳфа карда шуд.

default

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид масъулин ва кормандони муассисаро вазифадор намуданд, ки имконоти мазкурро барои таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ, омодакунии кадрҳои баландихтисосу ҷавобгу ба талаботҳои байналмилалӣ, расонидани хабару гузоришҳои дақиқу саривақтӣ ва сабту пешниҳоди мусоҳибаву гузоришҳо дар мавзуъҳои рӯз ҳамаҷонибаву самаранок истифода бурда, барои таблиғу муаррифии фарҳангу санъати асили миллӣ ва баланд бардоштани завқу салиқаи тамошобинон ҳамаҷониба саъйу кӯшиш намоянд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.82
US TJS/USD10.96
EU TJS/EUR11.84
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 22 Feb 
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Feb 2024 00:05 UTC
Latest change: 21 Feb 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
6:54 am, February 22, 2024
1°C
Wind: 7 mph
Pressure: 1026 mb