Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
3:47 pm, April 17, 2024
24°C
Wind: 4 mph
Pressure: 1013 mb

Ифтитоҳи бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералиро ифтитоҳ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки санги асос барои сохтмони бинои мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 марти соли 2018 ба ифтихори Иди касбии кормандони прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити кории онҳо гузошта шуда буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити кории фароҳамшуда дар бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералӣ шинос шуданд. 

default

Бинои мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ сохта шудааст.

Иншоот дар майдони 864 метри мураббаъ қомат афрохта, аз таҳхона ва 7 ошёна, ки масоҳати умумиашон 6702 метри мураббаъро ташкил медиҳад, иборат мебошад.

Бинои нави иловагии маъмурӣ дорои 93 ҳуҷраи корӣ, 4 толори машварат, ҳуҷраи қабули шаҳрвандон ва ошхона барои 180 ҷой мебошад. Дар таҳхона ҳуҷраҳои техникӣ ва толори машқи бадан ҷойгир карда шудааст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар иншооти нав воҳиди навтаъсиси Прокуратураи генералӣ – Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо таъсис дода шудааст.

Ташкили чунин сохторро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба Прокуратураи генералӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ супориш дода буданд.

Дар асоси супориши Сарвари давлат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.04.2023 Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ҳамчун воҳиди сохторӣ таъсис ёфт.

Марказ бо навтарин техника ва технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, дорои низоми ягона ва мутамаркази электронӣ барои батанзимдарории фаъолияти зиддитеррористӣ мебошад. Низоми электронӣ имкон фароҳам меорад, ки чораҳои пешгирикунандаи зидди экстремизм ва терроризм дар ҷумҳурӣ ба таври мутамарказ ва ҳадафмандона татбиқ карда шаванд.   

Дар Марказ 40 нафар кормандони соҳибтахассус, асосан ҷавонони дорои донишу малакаи кор бо технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва донандаи забонҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд. Онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва арзёбии иттилоот оид ба ҷиноятҳои экстремистӣ, террористӣ ва киберҷиноятҳо, ташкили махзани ягона оид ба содиршавии чунин ҷиноятҳо, таъмини ҳамкорӣ ва дастгирии байналмилалӣ барои тафтиши онҳо, васеъ ва мустаҳкам намудани амнияти киберӣ, назорати татбиқи сиёсати стратегии иттилоотӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳо машғул хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Маркази ягонаи иттилоотӣ шинос шуда, сипас дар толори маҷлис бо сардорони раёсатҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷиикистон суҳбати самимӣ оростанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи кормандони прокуратураро ба масъалаҳои татбиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти хариду фуруши замин, тоза кардани сафи сохтор аз нафарони ба коррупсия дастзананда, риояи яксони Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирифтани пеши роҳи ҷинояткорӣ ва қонуншиканиҳо, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҷобаҷокунии дурусти кадрҳо ҷалб карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ба коргарони масъули Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои мухталиф, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, таъмини амнияти киберӣ ва иттилоотӣ дар ҷумҳурӣ ва бо ин мақсад боз ҳам бештар аз худ кардани донишҳои замонавӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, истифодаи техникаву технологияҳои муосир ба кормандони Марказ дастуру ҳидоятҳо доданд.

“Шумо кормандони прокуратура бояд чашму ҳуши даввлат бошед”, – таъкид карданд, Президенти мамлакат дар охири суҳбат.

Супоришҳои дигар ба кормандони мақомоти прокуратура ҷиҳати иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, дода шуд.

http://prezident.tj/node/32078

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
3:47 pm, April 17, 2024
24°C
Wind: 4 mph
Pressure: 1013 mb