Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:39, July 27, 2024
temperature icon 37°C
Humidity 25 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ

7 декабри соли 2023 дар дастгоҳи марказии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаи сайёҳӣ вохӯрии раиси Кумита муҳтарам  Муминзод Камолиддин бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хонум Элза Пинёл баргузор гардид.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, робитаи ҳамкориҳо байни ширкатҳои сайёҳии дуҷониб ва омӯзиши таҷрибаи Фаронса ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

Раиси Кумита маълумот дод, ки дар партави дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дарҳои кушоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро дар самти рушди сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ, соддагардонии дастрасии раводид, роҳандозии низоми бераводид, додани имтиёз ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ, паст намудани мизони андозбандӣ дар соҳаҳои бо сайёҳӣ омехта, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ талоши онро дорад, ки дилхоҳ меҳмону сайёҳи ба диёрамон ташрифоварда бо таассуроти хотирмон амну ором саёҳат намояд.

Ҳамзамон, масоили истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Фаронса  оид ба пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омўзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи сайёҳони байни ду кишвар баррасӣ гардид.

Дар анҷоми вохӯри тарафҳо ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои судманд ва мустаҳкам намудани дӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ дар рушди сайёҳӣ иброз намуданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:39, July 27, 2024
temperature icon 37°C
Humidity 25 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph