4 декабри 2023 дар Касане, Ҷумҳурии Ботсвана иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ба кори худ шуруъ намуд. Чорабинии мазкур то 9 декабри соли 2023 идома ёфта, намояндагони кишварҳои узви Конвенсия оид ба ҳифзи ёдгориҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ иштирок доранд.
Зимни иҷлос номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд.