Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
12:30, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 18 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Нахустин ҷаласаи муассисаҳои таълимии дорои ихтисоси сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (СҲИ)

Дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон — шаҳри Боку бо ибтикори Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) якҷо бо Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон якумин ҷаласаи муассисаҳои таҳсилоти олии дорои ихтисоси сайёҳии давлатҳои  аъзои Созмон доир гардид, ки дар кори он роҳбарияти СҲИ таҳти раёсати Котиби генералии он Хусрав Нозирӣ, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои сайёҳии давлатҳои узви СҲИ ва ҳайати намояндагони сохторҳои сайёҳии давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон,  Қирғизистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Эрон, Покистон,  Туркия ва  Туркманистон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки якумин ҷаласаи муассисаҳои таҳсилоти олии дорои ихтисоси сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ аз 4 то 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон идома ёфт.

Субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ,  аз қабили шурои ширкатҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияҳои муассисаҳои истиқоматӣ ва хӯроки умумии давлати кишварҳои аъзо зимни суханронӣ дарҷ намуданд, ки соҳаи сайёҳӣ на танҳо яке аз бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, балки барои ҳамгироии тамаддунҳо, фарҳангҳо ва муносибатҳои дӯстонаи миллатҳо василаи хуб мебошад. Аммо имрӯз он бе мавҷудияти забони ягонаи муошират,  яъне забони англисӣ дар соҳа вазифаи худро хуб иҷро карда наметавонад. Бинобар ин, муассисаҳои таълимии дорои тахассуси сайёҳӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаи хизматрасонӣ, ки  донандагони хуби забонҳои хориҷӣ мебошанд, саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои ҳамкории пайваста байни ҳукумат, таҳсилот ва истеҳсолот, таҳияи барномаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва оянда, истифодаи технологияҳои рушдёбандаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ,  аз ҷумла воқеияти виртуалӣ (VR) ва ақли суннӣ (AI) дар маркази рӯзномаи чорабинӣ қарор гирифт.

Дар ҳамоиши канории 3-юм, ки ба мавзӯъи «Инноватсия ва технология: тамоюлҳои нав дар соҳаи таҳсилоти сайёҳӣ» бахшида шуда буд, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, оид ба истифодаи самараноки зеҳни  суннӣ ( Artificial intelligence),  воқеияти виртуалӣ ( Virtual reality) дар соҳаи сайёҳӣ ва дастурхондорӣ ибрози андеша  намуд.

Дар фарҷоми ҳар як ҷаласаи канорӣ байни маърӯзачиён ва иштирокдорон  саволу ҷавоб доир гардид,  ки онҳо ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
12:30, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 18 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph