Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:53, July 27, 2024
temperature icon 31°C
Humidity 35 %
Pressure 1002 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди истифода қарор дода шуд

Имрӯз 27 ноябри соли 2023 дар толори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи портали сайёҳии Тоҷикистон www.traveltajikistan.tj дар таҳрири нав баргузор гардид. Зимни баромад Раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иброз намуд, ки портали миллии такмилёфтаи сайёҳӣ ин идомаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муаррифии имкониятҳои бузурги сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвари азизамон мебошад. Портали мазкур дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ҶДММ “Сомон Технолоджи” дар шакл ва тарҳи нав бо истифода аз равзанаҳои муҳими иттилоотию таблиғотӣ таҳия карда шудааст.

Портали мазкур тамоми самтҳои фаъолияти сайёҳиии Тоҷикистонро фаро мегирад, ки як воситаи хуби иттилоотӣ барои сайёҳон ва алақамандони кишвар мебошад. Саҳифаи аввали портал бо навиштаҷоти «Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои абадӣ, чашмаҳои шифобахш, оби пок ва фарҳанги бостонӣ» бо тағйир ёфтани аксҳои ҷолиб бинанда ҷолибияти имконияи кишварро эҳсос мекунад.

Дар портал маълумоти пурра оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, минтақаҳо (ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва равзанаҳои иттилоотии зерин, аз қабили “Намудҳои сайёҳӣ”, “Хатсайрҳо”, “Чорабиниҳо/Ҷашнҳо”, “Дастур барои сайёҳ” (асъор, нақлиёт,  меҳмонхона, раводид) ҷойгир карда шудааст.

Инчунин, дар он равзанаҳои алоҳидаи “Истисноҳои муфид”, “Тағйирёбии шароити обу ҳаво дар реҷаи онлайн”, “Тағйирёбии шароити қурби асъор дар реҷаи онлайн” ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки барои истифодабарандагон, бахусус сайёҳони хориҷӣ хеле муфид аст.

Портали сайёҳии Тоҷикистон бо 3 забонҳо тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шуда ва барои сайёҳони хориҷию дохилӣ нигаронда шуда, он ба смартфонҳо ва планшетҳо мутобиқ карда шудаанд.

Портали миллии сайёҳӣ як қадами хеле зарурӣ барои таъмини сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ бо маълумоти босифат ва боэътимод дар бораи мавзеъҳои сайёҳии кишвари мо мебошад. Дар ин ҷо барои дӯстдорони кӯҳҳо, обу чашмаҳо, табиат, таърих, меъморӣ, дин, экология, ҷуғрофиё, этнография ва дигар соҳаҳо маълумотҳои зарурӣ мавҷуданд.

Бояд гуфт, ки сафар ба Тоҷикистон бо истифода аз портали сайёҳӣ метавонад барои ҳар як сайёҳ хотираи гуворо аз саргузашти воқеии ҳаёт бошад. Яъне, портал як воситаи хуби банақшагирии сафар барои онҳое мебошад, ки мехоҳанд кишвари зебои моро кашф кунанд.

Котиботи Кумитаи рушди сайёҳӣ 27.11.2023

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
08:53, July 27, 2024
temperature icon 31°C
Humidity 35 %
Pressure 1002 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph