Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
07:44, July 27, 2024
temperature icon 29°C
Humidity 39 %
Pressure 1003 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

ТАБРИКОТИ РАИСИ КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАМОЛИДДИН МУМИНЗОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони иззатманд ва ҳамкасбони гиромӣ,

​Бо камоли ифтихор якояки Шуморо, ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик менамоям.

Кишвари азизи мо ҳануз 29 сол муқаддам бо дуои миллати куҳанбунёди тоҷик зери роҳбарии шахси некусиришт ва бунёдгузоре чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо кирдору амалҳои неки ин шахси худодод мардуми парешон муттаҳид, кишвари ноором орому осоишта ва ҷанги хонумонсуз хотима ёфт.

Маҳз бо заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тоҷикон баъди беш аз ҳазор сол пойдор ва якпорчагии он таъмин гашта, барқарории сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон муяссар гардид.

Бо қаноатмандӣ ва хушнудӣ месазад қайд намоем, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки Пешвои миллат мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик ҳаёти осоишта ба сар бурда, дар тамоми самтҳои зиндагӣ ба дастовардҳои арзишманд муваффақ гардида истодааст.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти соҳаи сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист.

Дар пайравӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба рушди сайёҳии кишвар, мавқеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол дар раддабандиҳои ҷаҳони мақому ҷойгоҳи хоссаро касб намуда, маҳз дар натиҷаи хизматҳои шоёни Ҷаноби олӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи назарсанҷиҳои Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 142 давлати ҷаҳон мақоми аввалро қасб намуд, ки ин барои ҷалби бештари сайёҳон мусоидат хоҳад кард.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо ҳамдиёрони арҷманд барои пиёда намудани ҳадафу мақсадҳои некатон баҳри шукуфоии кишвари азизамон зери сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои беназирро орзумандам.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз !

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
07:44, July 27, 2024
temperature icon 29°C
Humidity 39 %
Pressure 1003 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph