Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:20, December 21, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 53 %
Pressure 1023 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ оғоз бахшиданд

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва маҳсулоти оҳану бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷсохтмон”-ро мавриди истифода қарор доданд. 

Иншооти навтаъсиси соҳаи саноат дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо навтарин хатти технологӣ бунёд гардида, иқтидори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаровон” дар як шабонарӯз истеҳсоли 250 метри мукааб бетон ва 260 метри мураббаъ плитаҳои оҳану бетонӣ ва корхонаи “Тоҷсохтмон” бошад, имкони дар як шабонарӯз истеҳсол намудани 250 метри мукааб бетонро доро мебошад, ки бо ин дар маҷмуъ 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз раванди фаъолияти хатти истеҳсолӣ ва маҳсулоти тайёри корхонаҳо иқдоми соҳибкорони ватаниро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муосири саноатӣ, коркарду тавлиди маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъмини сокинон бо ҷойҳои кори мувофиқ муҳим арзёбӣ карда, масъулонро барои истеҳсоли маҳсулоти босифати ҷавобгӯи талаботи бозор вазифадор намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи “Фаровон” моҳи феврали соли 2023 бо ҷалби 25 нафар сокини маҳаллӣ оғоз гардид. Он дар муҳлати 9 моҳ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо сифати баланд сохта шуда, қадами устуворест дар роҳи  расидан ҳадафи чоруми статегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар.

Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхона дар марҳилаи аввал дар баробари истеҳсоли бетон,  ҳамзамон 3 намуди маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла плитаҳои оҳану бетонӣ, сутунпояҳо ва ҳалқаҳо барои чоҳҳои амудӣ бо андозаҳои гуногунро ба роҳ мондааст ва дар оянда бо ворид ва насби хатти нави технологӣ истеҳсоли дигар намуди масолеҳи сохтмонӣ бо фарогирии ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад.

Тибқи маълумот то имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ 3 корхонаи саноатӣ дар ин самт фаъолият мекард ва бо бунёду мавриди истифода қарор додани ду корхонаи нав шумораи корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти оҳану бетонӣ ба 5 адад баробар гардид, ки нишондоди назарраси истеҳсолӣ дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.  

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
18:20, December 21, 2024
temperature icon 7°C
Humidity 53 %
Pressure 1023 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph