15 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди шишаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шишакор”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи коркарди шиша дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи шоистаи ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкорон Умархӯҷа Бузруков ва Нуриддин Ҳусайнов бунёд карда шуд.
Иқтидори иншооти нави саноатӣ коркарди то 8 ҳазор метри мураббаъ шиша дар як моҳ мебошад. Дар сурати комилан фаъол кардани марҳилаҳои дигари корхона, имконияти коркарди то 27 ҳазор метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ дар як моҳ фароҳам хоҳад омад.
Айни замон дар корхона 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд ва бо ба истифода додани хатҳои дигари истеҳсолӣ, теъдоди коргарон ба 50 нафар расонида мешавад. Қисми зиёди амалиёти коркарди шиша ба таври худкор ба роҳ монда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ашёи хом аз хориҷ ворид шуда, мавриди коркард қарор дода мешавад. Тавассути технологияи рақамӣ шишаҳо дар ҳамин корхона ба дуҷилдаву сеҷилда ва чорҷилда табдил дода шуда, ба иқлими минтақа мутобиқ гардонида мешаванд. Дар корхона шишаҳои сохтмонии рӯйпӯшшудаи мултифунксионалӣ коркард шуда, ҷузъҳои мураттабу зебо бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.
Маҳсулоти ҶДММ “Шишакор” барои истифода дар қисматҳои ҳимоявии зинапояҳои замонавӣ, пештоқи иншоот, шишабандии қисмҳои берунии бино, бунёди биноҳои баландошёна бо усули шишабандӣ, гузоштани нақшу нигор дар рӯи шиша, оинабандии дохили биноҳо ва дигар таҷҳизоти маишӣ барои хонаҳои истиқомативу идорӣ пешбинӣ гардидааст.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти ҶДММ “Шишакор” аз давлатҳои Италия, Русия ва Чин ворид шуда, технологияи навтарин дониста мешавад. Корхонаи мазкур бо иқтидор, сифати маҳсулоти истеҳсолӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин ва дар Осиёи Миёна яке аз беҳтаринҳо мебошад.
Айни замон дар мамлакат 4 корхонаи коркарди шиша амал мекунад, ки дар соли 2022-юм 8,9 ҳазор метри мураббаъ, ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар даҳ моҳи соли равон ин корхонаҳо ба андозаи 20,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Воридоти шишаи сохтмонӣ бошад, дар ин давра 30,466 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Дар ҷумҳурӣ арзиши шиша барои як метри мураббаъ 200 сомонӣ буда,талабот ба он дар як сол вобаста ба ҳаҷми корҳои сохтмонӣ 4 миллион метри мураббаъ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид перомуни дастгириҳои давлатии бахши хусусӣ ба хотири саҳмгузории бештар ҷиҳати саноатикунонии босуръати кишвар ибрози андеша карда, ба фаъолияти иқтидори нави истеҳсолӣ баҳои баланд доданд ва ташаббуси созандагии соҳибкоронро дар самти пайгирии иқдомоти бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот намунаи волои ватандӯстӣ арзёбӣ карданд.