Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
23:49, March 27, 2026
19°C
42 %
1007 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 100%
Sunrise: 06:18
Sunset: 18:42
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
17°/18°°C 0 mm 0% 3 mph 44% 1006 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 3 mph 44% 1005 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 2 mph 46% 1005 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
23°/23°°C 0 mm 0% 3 mph 33% 1003 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
26°/26°°C 0 mm 0% 3 mph 28% 1000 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
24°/24°°C 0 mm 0% 1 mph 39% 999 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
19°/19°°C 0 mm 0% 13 mph 55% 1002 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
15°/15°°C 1 mm 100% 8 mph 90% 1007 mb 0 mm/h

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардоштанд

14 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи Муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров пардабардорӣ намуданд.

Муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон, ки дар саҳни Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров қомат афрохтааст, аз масолеҳи хушсифат бо санъати баланд сохта шудааст. Таҳпояи муҷассама 2,6 метр буда, баландии худи муҷассама 4,2 метрро ташкил медиҳад. Дар тарафи чапи муҷассама шоҳасари мондагор -“Тоҷикон” ҷой дода шудааст, ки бешубҳа аз муҳимияту арзиши гарони ин офарида башорат медиҳад. Барои зебу зинат додани таҳпояи муҷассама сангҳои ороишии баландсифат бо истифода аз услуби хоси меъморӣ истифода гардидааст.

 Академик Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ӯ яке аз бунёдгузорони илми муосири тоҷик дониста мешавад ва бо таҳқиқоти мондагори худ, коркарди консепсияи илмии таҳқиқи таърихи халқи тоҷик бешак, асосгузори мактаби нави таърихшиносии тоҷик маҳсуб меёбад ва қомат афрохтани муҷассамаи ӯ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намунаи олии қадршиносии ин фарзанди фарзонаи миллат ва туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 115-солагии академик дониста мешавад.

Майдони назди пайкара бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, дар ин ҷо ҳамчунин ду фаввораи зебо низ бунёд гардидааст. Аз ду тарафи муҷассама рамзи китобӣ ҷойгир буда, дар яке аз онҳо суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба арзиши гарони илмии шоҳасари “Тоҷикон” ҷой дода шудааст ва рамзи дигар асари мондагори Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон”-ро,  ки аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, натиҷаи заҳмати чандсолаи академик аст, таҷҷасум намудааст.  

Ҳамчунин дар ҳудуди иншооти мазкур бо завқу салиқаи баланд корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ анҷом дода шудааст, ки ифтитоҳи он ба ҳусни маркази ноҳия зебогии дигар зам менамояд.  

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP12.68
US TJS/USD9.54
EU TJS/EUR10.95
RU TJS/RUB0.11
27 Mar · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Mar 2026 00:15 UTC
Latest change: 27 Mar 2026 00:15 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
23:49, March 27, 2026
19°C
42 %
1007 mb
7 mph
Wind Gust: 0 mph
Clouds: 100%
Sunrise: 06:18
Sunset: 18:42
Hourly Forecast
02:00
temperature icon
17°/18°°C 0 mm 0% 3 mph 44% 1006 mb 0 mm/h
05:00
temperature icon
17°/17°°C 0 mm 0% 3 mph 44% 1005 mb 0 mm/h
08:00
temperature icon
18°/18°°C 0 mm 0% 2 mph 46% 1005 mb 0 mm/h
11:00
temperature icon
23°/23°°C 0 mm 0% 3 mph 33% 1003 mb 0 mm/h
14:00
temperature icon
26°/26°°C 0 mm 0% 3 mph 28% 1000 mb 0 mm/h
17:00
temperature icon
24°/24°°C 0 mm 0% 1 mph 39% 999 mb 0 mm/h
20:00
temperature icon
19°/19°°C 0 mm 0% 13 mph 55% 1002 mb 0 mm/h
23:00
temperature icon
15°/15°°C 1 mm 100% 8 mph 90% 1007 mb 0 mm/h