Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:36, July 27, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 29 %
Pressure 1002 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии World Travel Market (WTM) дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (Шоҳигарии Муттаҳида)

Аз 6 то 8-уми ноябри соли 2023 дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM оғоз гардида истодааст, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Презиженти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои хизматрасони самти сайёҳӣ, намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли армуғонҳо, роҳбарон ва омӯзгорони донишгоҳҳои ватанӣ, ки мутахассисони соҳаи сайёҳиро омода мекунанд, иштирок доранд.

Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаи сайёҳии кишвар дар намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ UNWTO аз соли 2008 ин ҷониб дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, захираҳои сайёҳии кишварро дар арсаи байналмилалӣ таблиғ менамоянд.

Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM ҳайати эҷодии шабакаи телевизионии “BBC World News” дар бораи маводи видеоӣ, ки аз ҷониби ин шабакаи бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба иқтидорҳои сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи зарфиятҳои соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, ба ҳозирин тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод намуда, онро барои истифода ба таври расмӣ ба намояндагони Тоҷикистон тақдим намуд.

Қобили зикр аст, ки ин маводи видеоӣ ҳамчун реклама оид ба иқтидорҳои сайёҳии кишвар тавассути шабакаи телевизионии “BBC World News” пахш гардида истодааст ва дар ояндаи наздик тариқи шабакаи телевизионии “Euronews” низ пахш хоҳад гардид.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM то рӯзи 8 ноябри соли 2023 идома ёфта, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барои тавсеаи ҳамкории мустақим бо дигар ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ ёддоштҳои тафоҳум ба имзо мерасонанд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
09:36, July 27, 2024
temperature icon 33°C
Humidity 29 %
Pressure 1002 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph