Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили 29-умин солгарди Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, роҳбаладон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ва блогерон ба тарғибу ташвиқи васеи имкониятҳои сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ Озмуни “Беҳтарин субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шуд.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод тамоми кормандони соҳаи сайёҳӣ ва иштирокчиёни озмунро ба муносибати 29 – солагии қабули бахтномаи халқамон – Конститутсия табрик намуда, ба ҳар ҳозирин хонаи обод, саломативу сарбаландӣ орзу намуданд.
Мавсуф қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.
Сипас Раис Кумита ба кори чорабинии Озмуни “Беҳтарин субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳусни оғоз бахшида изҳор намуд, ки озмуни мазкур аз рӯи 5 номинатсия, аз ҷумла “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ”, “Беҳтарин меҳмонхона”, “Беҳтарин тарабхона”, “Сомонаи беҳтарин дар соҳаи сайёҳӣ” ва “Беҳтарин роҳбалад” ташкил гардид.
Тибқи талаботҳои муқарраргардида, дар озмун 3 ҷой дар ҳар як номинатсия (ҷои якум-1 нафар, ҷои дуюм -1 нафар ва ҷои сеюм -1 нафар) муайян карда шуда, ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар натиҷаи баҳогузории аъзоёни комиссияи Озмуни “Беҳтарин субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар номинатсияи «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ» ширкати сайёҳии ҶДММ “Ориент Адвентур” ҷойи якум, ширкати сайёҳии ҶДММ “Силквей Эдвенче” ҷойи дуюм ва ширкатҳои сайёҳии ҶДММ “Расул Тур” ва ҶДММ “Шоҳ Тур” ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин меҳмонхона» ҶДММ “Меҳмонхонаи Румӣ” ҷойи якум, КВДК “Меҳмонхонаи Суғдиён” ҷойи дуюм ва ҶДММ “Маркази хизматрасонии Ватан” соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи «Беҳтарин тарабхона» тарабхонаи ҶДММ “Ганҷи Истиқлол” ва тарабхонаи “Бухоро” соҳиби ҷойи якум гардида, тарбхонаи ҶДММ “Малика – Бохтар” ҷойи дуюм ва тарабхонаи ҶДММ “Марко Поло” ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамзамон, Дар номинатсияи «Беҳтарин роҳбалад» роҳбалад Муминов Фарҳод Абдулҳаевич ҷойи якум, роҳбалад Раҷабгул Юсуфалиевна ҷойи дуюм ва Тағоймуродов Дилшод Маҳмуродович соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин сомона дар соҳаи сайёҳӣ» тибқи баҳогузории аъзоёни комиссия озмун сомонаи ҶДММ “Бунёд Тур” дар ҷойи якум ва сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҷойи дуюм қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин озмунҳо барои ҳавасмандии субъектони хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ ва рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар саҳми муносиб мегузорад.