Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:02, December 22, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 75 %
Pressure 1022 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph

Ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди сайёҳӣ »

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти уновни «Ваҳдати миллӣ омили асосии рушди сайёҳӣ » ҳамоиш баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҳаракати  ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва олимону донишмандон иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ зикр шуд, ки эҳёи арзишҳои миллии ниёгони кишвар барои боз ҳам фарохтар намудани имкониятҳои рушди сайёҳи ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд. Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии чеҳраи миллат ва фарҳанги он, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сатҳи зиндагии мардуми он ба ҳисоб меравад.

Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиноси кишварро мебояд барои боз ҳам зебову дилкаш гардидани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ софдилона хизмат намояд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир бо амалӣ намудани барномаҳои  зиёди давлатӣ, хусусан Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ то соли 2030 дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ якчанд натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд, ки дар асоси он ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва саҳми соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоиш касб намуд»

Айни замон симои нави мусбати Тоҷикистон ҳамчун давлати барои сайёҳӣ мусоид фаъолона ташаккул меёбад ва дар Тоҷикистон тамоми имконият ва шароит барои ба мамлакати ҷолибтарини сайёҳии дунё табдил ёфтан фароҳам мебошад.

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар нуҳ моҳи аввали соли 2023 40 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 31 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуданд.

Вобаста ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар ин давра намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии кишварҳои Эрон, Олмон, Россия, Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Шветсария фаъолона иштирок намуд.Кумитаи рушди сайёҳи дар доираи  Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2026-ро чораҳои заруриро амали месозад. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми неру ва ваколатҳо ҷиҳати рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун ва иқтидори сайёҳӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти хосса тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
22 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 22 Dec 2024 00:55 UTC
Latest change: 22 Dec 2024 00:55 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:02, December 22, 2024
temperature icon 2°C
Humidity 75 %
Pressure 1022 mb
Wind 2 mph
Wind Gust: 0 mph