Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
13:05, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 17 %
Pressure 999 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Натиҷагирии фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳӣ дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда

Имрӯз ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба натиҷагирии фаъолияти Кумита дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифагузориҳо барои давраи минбаъда бо иштироки муовини якум ва муовини Раиси Кумита, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита ва роҳбарону намояндагони воҳидҳои сохтории Кумита дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳару ноҳияҳои тобеи марказ баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст муовини Раиси Кумита Салимзода Зиёдулло оид ба “Натиҷањои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2023 ҳисобот манзур намуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади иҷрои Нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 пешбинӣ шудааст, бо фармоиши раиси Кумита аз 24 январи соли 2023, №1 нақша чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия ва тасдиқ гардида, мавриди иҷро қарор дорад.

Ҳамзамон, ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар давраи ҳисоботӣ 40 чорабинӣ дар дохили кишвар ва 31 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуданд.

Вобаста ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар давраи ҳисоботӣ Кумита дар 12 (дувоздаҳ) намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии кишварҳои Эрон, Олмон, Россия, Британияи Кабир, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Шветсария фаъолона иштирок намуд.

Аз ҷониби Раиси Кумита ба тамоми роҳбарони воҳидҳои сохтории марказӣ ва маҳаллӣ оид ба рушди сайёҳии дохилӣ, таъсиси накам аз як ширкат дар ҳар шаҳру ноҳия , тақвият бахшидани корҳо дар самти таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ, иштирок дар ҳамагуна чорабиниҳои соҳаи сайёҳӣ, такмили омор ва татбиқи самараноки бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2026-ро супришҳои мушаххас дода шуд.

Зимни суханронӣ Раиси Кумита қайд намуд, ки аз ҷониби Кумита ҷиҳати ташаккули бренди миллӣ пайваста дар ҷашнҳои миллии анъанавӣ ба монанди Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон гӯшаҳои сайёҳӣ ташкил карда шуда, тавассути тарғибу ташвиқ намудани арзишҳои миллӣ, анъанаҳои мардумӣ ва ҳунарҳои дастӣ раванди брендикунонии соҳаи сайёҳӣ идома дорад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
13:05, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 17 %
Pressure 999 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph