19 октябри соли 2023 нишасти 3-юми пленарии 25-умин Маҷмааи ҷаҳонии сайёҳӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гарида, дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Дар нишасти мазкур як қатор масъалаҳо, аз ҷумла тамоюлҳои имрӯзаи соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, татбиқи барномаи Созмон барои солҳои 2022-2023, барномаи корӣ барои солҳои 2024-2025, вазъи молиявии Созмон, баррасии сиёсати захираҳои инсонӣ дар соҳаи сайёҳии ҷаҳон, узвият дар Созмон, Кодекси байналмилалии ҳифзи сайёҳон, ҳисоботи Кумитаи Созмон оид ба аъзоҳои ҳамроҳшуда ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур ҳисобот дар бораи Гурӯҳи корӣ оид ба таҷдиди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти ҳолат ва дурнамои он, ҳисобот дар бораи рафти таъсиси идораҳои минтақавӣ ва мавзӯии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, ислоҳоти созмон: пешрафт дар татбиқи Шӯъбаи тафтишотии муштарак (JIU) ва тавсияҳои Идораи хадамоти назорати дохилӣ (OIOS) ҳисоботи Шӯрои Иҷроия ба Маҷмааи умумии Созмон, аъзоёни шарикӣ, ҳисоботи раиси Шӯрои аъзоёни шарикӣ, ҳисоботи Кумитаи оид ба масъалаҳои марбут ба аъзоёни шарикӣ, ҳисоботи Кумитаи ҷаҳонии этикаи сайёҳӣ (WCTE) ва интихоби аъзои он, рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ: маълумот дар бораи рӯйдодҳои солҳои 2022 ва 2023, тасдиқи мавзӯъҳо ва қарор дар бораи кишварҳои мизбон барои солҳои 2024 ва 2025, интихоби аъзои Шӯрои иҷроия ва макон ва санаи баргузории 26 – умин Маҷмааи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти овоздиҳӣ ва қарори қабулҳои Маҷмаа бо дарназардошти сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳии мамлакат мавқеи худро муаян намуданд. Дар овоздиҳӣ ва қабули қарорҳо раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод нозир интихоб шуда, рафти онро пурра назорат ва шаффофиятро муайян намуд.
Дар анҷоми нишасти 3-юми пленарии Маҷмааи умумии Созмон бо ташабусси Давлати Чили интихоботи Дабири Кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои солҳои 2026-2029 аз нав баркарор гардида, дар он кишварҳои аъзои Созмон аз нав овоз дода, мансаби Дабири Куллӣ Созмон ҷаноби Зураб Пололикашвили тамдид гардид.