Дар доираи 25-ум иҷлосияи Маҷмаи Умумии Созмони Ҷаҳонии Сайёҳии Милали Муттаҳид (UNWTO) дар шаҳри Самарқанд мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайëҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон Иззатуллоҳ Зарғомӣ доир гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои судманд дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба ва пайдо кардани роҳҳои нави муаррифии имкониятҳои сайëҳӣ ба ҷаҳонгардонро муҳим арзёбӣ намуданд.
Масъалаи соддагардонии низоми раводиди дуҷониба барои афзоиши шумораи гардишгарони кишварҳои бо ҳам дӯсти Тоҷикистону Эрон дар оянда судманд дониста шуд.
Тавре зикр гардид, имрӯз сайёҳони хориҷӣ ба ҷозибаҳои сайёҳию фароғатии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон мароқ зоҳир карда истодаанд.
Бинобар ин, имкониятҳои мавҷуда дар ин самт бояд самаранок истифода бурда шаванд. Дар ин замина, иштирок ва муаррифӣ намудани зарфиятҳои нави сайёҳӣ дар намоишгоҳҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон ба манфиати кишварҳо хоҳад буд.
Дар ҷараёни суҳбат оид ба масъалаи ташкили кумитаи муштараки техникӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки қарор аст соли оянда дар Эрон баргузор гардад табодули назар анҷом гирифт.