Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:18, July 27, 2024
temperature icon 37°C
Humidity 25 %
Pressure 1001 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

Иҷлосияи 25-уми Ассамблеяи генералии СУС- СММ дар шаҳри Самарқанд

Иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 44-ум ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) ки дар доираи 25 – умин Маҷмааи умумии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), 16 октябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

16 октябри соли 2023 намояндагони кишвар таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод дар 44-ум ҷаласаи Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) ки дар доираи 25 – умин Маҷмааи умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), 16 октябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ҳамчун аъзои Раёсати Кумита иштирок намуданд.

Кумитаи оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) яке аз 7 Кумитаҳои асосии Созмон ба ҳисоб рафта, дар тамоми масъалаҳои вобаста ба муколама, мубодилаи иттилоот ва андешидани чораҳои минбаъда дар иртибот ба узвияти шарикӣ ( affiliate membership), ки дар он зиёда аз 500 ширкатҳои кишваҳои олам, муассисаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ аъзо мебошанд баррасӣ карда мешавад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки кишвари азизи мо, ки бо пешниҳоди Раиси Кумита дар ҷаласаи 68 – уми Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо, ки таҳти сарпарастии ҳукумати Булғористон аз 31 май то 2 июни соли 2023 дар шаҳри София доир гардид, дар қатори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Шоҳигарии Испания узви Раёсати Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:18, July 27, 2024
temperature icon 37°C
Humidity 25 %
Pressure 1001 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph