Дар моҳҳои январ – сентябри соли равон 2593 меҳмони хориҷӣ ва 24 524 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ осоишгоҳу меҳмонхонаҳои шаҳри Гулистонро тамошо намуда, дар маҷмуъ 27 117 нафар дар ин ҷо истироҳат намудаанд. Дар ин хусус зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр иттилоъ дода шуд.
Зимни маҷлиси фаъолони шаҳри Гулистон натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр давоми нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми маблағи воридшуда дар нуҳ моҳи соли равон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ 32,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Сарчашма АМИТ “Ховар”