Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
13:05, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 17 %
Pressure 999 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

РОҒУН-ШАҲРИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Обанбори неругоҳи «Роғун» ба мавзеи ҷолиб табдил ёфта, таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамояд

Роғун ҳамчун шаҳри рушдкунандаи саноатӣ дар оянда дар ҳоли пурра ба истифода додани  Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконияти бештареро барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳиб мегардад, зеро обанбори неругоҳ дар оянда ба мавзеи сайёҳӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи  ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб менамояд. Дар ин робита моҳи апрели соли равон «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» қабул гардид.

Барнома — механизми татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ

Бо мақсади  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун» барнома таҳия гардида, ба рушди соҳаи сайёҳӣ- фароҳам овардани имконияти сайёҳӣ, муайян намудани мавзеъҳои ҷолибу диданӣ, азхудкунии хусусияти таърихию табиӣ-этнографӣ, сайёҳию экологии ҳудуди шаҳр мусоидат менамояд.

Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳри Роғун аз ҳадафҳои асоии ин барнома аст. Барнома яке аз механизмҳои асосии татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ буда, имконияти воқеиро дар ҳалли масъалаҳои марбут ба сайёҳӣ дар шаҳри Роғун ҳамчун  минтақаи сайёҳии дохилӣ ва байналмилалии ҷумҳурӣ фароҳам меорад.

Ҳамзамон дар асоси барнома хатсайрҳои сайёҳӣ, сохтмони чойхонаҳо, меҳмонхона, мағозаҳо, дорухона, истгоҳҳои муосир, нуқтаи шустушӯ ва таъмири мошинҳо ва дигар иншооти хизматрасонӣ ташкил ва бунёд гардида, ба рушди инфрасохтори соҳа мусоидат менамоянд.

Обҳои мусаффо ва шифобахши Роғун қалби сайёҳонро тасхир намудаанд

Табиати нодир, манзараҳо, обҳои мусаффо, кӯлҳо ва сарчашмаҳои обҳои шифобахш, боғҳо, наботот, ҳайвоноти нодир ва обанбори «НБО Роғун» ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. Роғун дорои кӯҳҳои баланд, 150 чашмаи мусаффо, 11 дарё ва 4 кӯл буда, онҳо ба феҳристи номҳои ҷуғрофӣ ворид гардидаанд.

Дар ҳудуди шаҳр беш аз 30 мавзеи ҷолиби сайёҳӣ, назири обанбори «НБО Роғун», Гули Сурх, Дараи Луғур, Марғзор, Тагоб, Тали Оқсой, Кирбич, Биёв, Яхдон, Зиратут, Дашти Кул, Қандаки Кӯҳна, Ҷуруҷ,  Шаршара, Болои Тал, Ёнахш, Ғашён, маҷмааҳои «Нақб», «Роғун ман туро дӯст медорам» ва дигар мавзеъҳо мавҷуд мебошанд. Роғун дорои боғи фарҳангию фароғатӣ, осорхонаи замонавӣ, осоишгоҳҳои «Санавбар», «Оби Гарм», «Омина», «Анқо», «Шоиста», «Муллошайх», муҷассамаи «Исмоили Сомонӣ», сутунпояҳои Нишону Парчами миллӣ буда, мавзеъҳои сайру сайёҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ гардидаанд.

Солҳои охир бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ дар шаҳр инфрасохтори сайёҳӣ- меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардид, ки яке аз самтҳои асосии иқтисодиёти шаҳр мебошад.

Бунёди инфрасохтори зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳо таваҷҷуҳи хосса дода шудааст. Аз ҷумла, роҳи хатсайри табобатии Хоҷа Ҷунайди Бағдодӣ, бунёду мумфарш намудан ва сангфарш намудани роҳҳои деҳаҳои Сайидон ва деҳаи Ёли Гармоба ба анҷом расонида шуданд. Корҳои тахту ҳамвор ва сангфарш намудани роҳҳои деҳаҳои Қалъаи Нав, Чашмаи Кулло, Ҷавонӣ, Гули Сурх, Сангова, Чормағз, Пору, Навобод, Фаррухон, Дараи Тутак, Ғурунг (Қандак), Дӯст Солеҳ, Деҳқонобод, Ковокдара, Деҳи Бустон, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бег, Себнок ва оғози корҳои  сохтмонии лоиҳаи бунёди роҳи «Роғун-Оби Гарм-Нуробод», ҳамзамон бунёду навсозии 11 км роҳи шаҳри Роғун аз сероҳаи назди маҷмааи «Нақби Роғун» то даромадгоҳи шаҳр ба рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Рушди сайёҳии экологӣ — самти муҳими барнома

Рушди саёҳати экологӣ дар Тоҷикистон аз захираҳои табиӣ ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар минтақаҳои дурдаст вобастагӣ дорад. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, саёҳати экологӣ дар 15 соли охир байни сайёҳон  бештар машҳур ва яке аз намудҳои устувори рушди сайёҳӣ гардид. Натиҷаи омӯзиши иқтидори сайёҳии шаҳр бозгӯи он аст, ки вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ 90 фоизи ҳудуди Роғунро кӯҳҳо  ташкил медиҳанд ва дорои имконияти зиёд барои рушди саёҳати экологӣ аст.

Бунёди инфрасохтори зарурӣ барои саёҳати экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон таъмин гардад. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар иншооти сайёҳии экологӣ фароҳам овардани шароит муфид аст.  Дар барнома беҳтар намудани инфрасохтори соҳа барои рушди  саёҳати экологӣ дар ҳудудҳои махсусмуҳофизатшаванда, тавсеаи ҳамкории байналмилалии шаҳри Роғун дар самти саёҳати экологӣ, нигоҳдории намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот дар ҳамоҳангӣ бо фарҳангу анъанаҳои нодири аҳолӣ, ташкили хатсайрҳои ҷуғрофӣ аз тадбирҳое мебошанд, ки барои таъмини муваффақонаи рушди сайёҳати экологӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун имкон медиҳанд.

Барнома дар се марҳила татбиқ мешавад

Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шуда, он дар се марҳила — солҳои 2024-2026, 2027 ва 2028 мутобиқи нақшаи амал, ки Ҳукумати мамлакат тасдиқ менамояд, аз ҷониби вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун амалӣ мегардад.   Инчунин дар асоси барнома истифодаи самараноки имконият барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҷалби сармоя, таҳияи маҳсулоти нави сайёҳӣ ва хатсайрҳои он, муайян ва мушаххас намудани хатсайрҳои нави сайёҳӣ, омода намудани мутахассисони соҳа, баргузории омӯзишҳо барои пешхизматони тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва кормандони соҳаи сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳии ҳудуди шаҳри Роғун ба роҳ монда мешавад.

Дар доираи барнома ҳамкории самарабахш бо ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, дигар мақомоти ба фаъолияти сайёҳӣ ва сайёҳон алоқаманд, шарикони рушд, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, коркард ва интишори маводи иттилоотӣ, рушди неруи инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонии мутахассисон барои соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ ба роҳ монда шуда, татбиқ мегардад.

Моҳи августи соли  гузашта Ҳукумати мамлакат «Дар бораи минтақаи сайёҳии Роғун» қарор ба тасвиб расонд, ки ин санад ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр ва ҳамчун минтақаи ояндадори сайёҳӣ рушд намудани Роғун такони ҷиддӣ бахшид.

Сарчашма АМИТ“Ховар”

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
13:05, July 27, 2024
temperature icon 39°C
Humidity 17 %
Pressure 999 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph