Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:05, November 7, 2024
temperature icon 10°C
Humidity 76 %
Pressure 1029 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Сайри ёдгориҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Қум ва Гардани Ҳисор таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмононро дар бораи таърихи тоҷикон меафзояд

Аз нуқтаи назари таърихи башарӣ ва ватанӣ ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шаҳодатдиҳандаи бисёр ҳаводиси таърихӣ мебошанд, ки дар олами илм ва талқини муҳимтарин паҳлуҳои таърих назир надоранд. Яке аз муҳимтарин саҳифаи таърихи аҷдодони халқи тоҷик – ин замони мавҷудияти маданияти суғдӣ мебошад, ки ранго-рангӣ ва омезиши фарҳангии он аз ҳунари воло, заковату сарватманӣ, ҳунари тиҷорат, озодандешиву ҷаҳонбинии мардуми Суғди бостон шаҳодат медиҳад.

Ёдгориҳои болооби водии Зарафшон аз лиҳози илмӣ ва фарҳангӣ дар масири ёдгориҳои башарӣ ҷойгоҳи махсуси худро доранд ва дар ҳалли муҳимтарин масолии таърихи минтақа нақши баланди илмӣ доранд.

17 сентябр зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ёдгориҳои Панҷакенти Қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ, низоми обёрии Тухсанкорез, қалъаи Тали Хамтуда, Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро (аз атрофи шаҳру деҳоти Панҷакент), Қалъаи Кӯҳи Муғ, Қалъаи Кум, ёдгории Гардани Ҳисор (аз н. Айнӣ) ва ёдгории шаҳраки Ҳисорак аз ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ба Феҳрести мероси фарҳангии умумибашарӣ шомил шуданд, ки ин дастоварди муҳими фарҳангии ҷумҳурӣ мебошад.

Чун сухан дар бораи таърих ва тамаддуни Суғд меравад, пеш аз ҳама, пеши чашм ва дар афкори муаррихону коршиносон ҳуҷҷатҳои суғдии аз Қалъаи Кӯҳи Муғ пайдогардида чун хуршеди саҳар падид мегарданду донишҳои тангу тираи моро оид ба таъриху маданияти Суғд ва суғдиён равшантар мекунанд. Зеро ёдгории мазкур барои кашфи якчанд ёдгории дигар заминаи илмӣ фароҳам оварда буд.

Тавсифи ёдгорӣ

Қалъаи Кӯҳи Муғ (Қалъaи Муғ, ё Калъaи кӯҳи Муғ) дар баландие, ки миёни сокинони маҳаллӣ бо номи Кӯҳи Муғ, дар соҳилҳои чапи дарёи Зарафшон ва дарёчаи Кум, тақрибан дар масофаи 2 км шарқтар аз деҳаи Хайробод, 15 км ғарбтар аз маркази ноҳияи Айнӣ (дар даврони кашфи ёдгорӣ ноҳияи Заҳматобод) ва 80 км шарқтар аз Панҷакент, рӯ ба рӯи мавзеи машҳур барои сафариёни роҳи Панҷакент-Айнӣ «Оби Тоғмат», дар баландии 1411 м аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Кӯҳи Муғро аз се тараф дарёи Зарафшон ва дарёчаи Кум иҳота кардаанд ва худи Қалъа аз се тараф тавассути нишебиҳо муҳофизат карда мешуд. Танҳо аз самти ҷануб ба сӯи кӯҳи Муғ дастрасӣ пайдо мешавад, ки ҳамон ҳам бо роҳҳои хатарноку душворгузари кӯҳӣ аст.

Тарҳи бинои қалъа росткунча буда, он аз панҷ ҳуҷра ва як даҳлез иборат аст, ки дар умум 18,5х19,5 м андоза дорад. Даромадгоҳи асосӣ ба ҳалқа аз самти шимол бунёд ёфта буд. Қалъа ҳамчун қалъаи Абаргар низ дар як манбаи арабӣ сабт шудааст (Ат-Табар), ки ҳамчун охирин паноҳгоҳи Деваштич (Dēwāštič), ҳокими Панҷакент ва шоҳи Суғд дониста мешавад. Қалъаи начандон калон бо чаҳор ҳуҷраи равоқпӯши дароз ва даҳлези пайвасткунанди ин ҳуҷраҳо бунёд ёфта, эҳтимол аз ду ошёна иборат буд ва ба ошёнаҳои болои тариқи зинапояҳо мебаромаданд. Деворҳои берунии он аз 1 м то 2 м ғасфӣ доранд.

Таърихи кашфиёт

Баҳори соли 1932 сокини деҳаи Хайрободи ноҳия Заҳматобод (имрӯза ноҳияи Айнӣ) Ҷураалӣ Муҳаммадалӣ дар харобаҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ дастхатеро дарёб менамояд, ки он бо як забони барои ӯ нофаҳмо навишта шуда буд. Чанд моҳ дастхат аз даст ба дасти сокинони деҳаҳо атроф мегузашт, вале касе намедонист, ки онҷо чи мактубе навишта шудааст. Ниҳоят, дастхат ба дасти раиси онвақтаи ноҳияи Заҳматобод Абдулҳамид Пулодӣ мерасад, ки маҳз бо ташаббуси он шахс ин нусха дарҳол ба Сталинобод (Душанбе) ва баъдан ба Ленинград (Санкт-Петербург) фиристода мешавад. Пас аз муайян гардидан, ки дастхат ба хати суғдӣ навишта шудааст, моҳи майи соли 1933 А. Пулодӣ ва баъдан моҳи ноябри ҳамон сол ҳайати таҳқиқгарон бо роҳбарии шарқшинос А.А.

Фрейман барои омӯзиш ба қалъа меоянд ва соли 1946 низ гурӯҳи бостоншиносон ба ёдгорӣ омада, онро дубора андозагирӣ менамоянд. Дар натиҷаи ҳафриёти соли 1933 аз Қалъаи Кӯҳи Муғ 75 дастхати суғдӣ, як дастхати бо забони арабӣ, як дастхати туркии қадима (дар яке аз ҳуҷатҳо бо хитоӣ навишта шуда буд, ки он бо дастхатҳои мазкур алоқамандӣ надошта, аз ҷониби суғдиҳо ҳамчун маводи сиёҳнавис истифода шудааст) пайдо гардидаанд, ки ҳоло дар филиали Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия дар Санкт-Петербург нигоҳ дошта мешавад. Ғайр аз бойгонӣ, инчунин зиёда аз 400 маводи маданияти моддӣ ва чанд сикка пайдо гардиданд, ки ҳоло дар осорхонаи Эрмитажи Санкт-Петербург ҳифз шудаанд. Мундариҷаи ҳуҷҷатҳоро аслан матнҳои ҳуқуқӣ, хоҷагидорӣ, муошират, муроҷиат ва мукотиботи дипломатия ташкил медиҳанд.,

Аҳамияти ёдгорӣ

Аҳамияти ёдгории мазкур аз он иборат аст, ки он дар сарчашмаи кашфиёти минбаъдаи ёдгориҳои асрмиёнагии барвақтаи водии Зарафшон меистад. Қалъаи Кӯҳи Муғ аз муҳимтарин рӯйдодҳои охири асри 7 ва ибтидои асри 8, ҳуҷуми аҷнабиёни ба сарзамини Суғд, шаҳрдориву хоҷагидорӣ, расму русими оиладор, савдои дохилӣ, вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва ғайра шаҳодат медиҳад. Ба шарофати таҳлил ва хониши ҳуҷҷатҳои Кӯҳи Муғ ба олимон муяссар шуд, ки таърихи сиёсии Осиёи Марказии он замонро то ҳадди имкон барқарор кунанд.

Тавре ки аллакай мо изҳор намудем, дар ин ҷо дар нитиҷаи ҳафриёт зиёда аз 400 бозёфти дигири маданияти моддӣ, аз ҷумла бозёфтҳои гуногуни чӯбин, нуҳ намуди матоъи шоҳӣ, маснуоти фулузӣ, маснуоти чармӣ, сабадҳои бофташуда, пораҳои лавозимоти ҷангӣ, зарфҳои сафолӣ ва ғайра пайдо гардиданд.

Бозёфтҳои бостоние, ки аз Қалъаи Кӯҳи Муғ пайдо гардиданд, чи дар ҳалли масоили умумии таърихи Осиёи Марказӣ ва чи дар ҳалли масоили гуногуни ҳудуди Суғд васеъ истифода мешавад, то имкон диҳанд ҷараёни таърихии тоисломии минтақа, махсусан манзараи суғдзамини асримиёнагӣ ва истилои он аз ҷониби арабҳо боз ҳам равшантар аён гардад. Чаҳорчӯбаи номуайяни манзараи тираи маданияти суғдӣ, ба туфайли бозёфтҳо ва махсусан дастхатҳои суғдӣ боз ҳам барои шарқшиносону таърихнигорон масири нави илмиро фароҳам овард, топонимикаи (номгузорӣ) суғдӣ ва маҳаллаҳои асримиёнагии Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ ва талқин қарор гирифт. Маслан, ҳамагон аз деҳаи Мадрушкати Кӯҳистони Мастчоҳ хабар дорем.

Шояд хабарамон нест, ки он 1300 сол муқаддам бо номи Матрушкат дар яке аз дастхатҳои Суғдӣ (тақрибан соли 716 мелодӣ) сабт шудааст. Ҷолибии ҳодиса дар он аст, ки дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар муқобили Деҳаи Мадрушкати имрӯза ёдгории беназири дигар, бо номи Қалъаи Ҳисорак ҷойгир аст ва тайи солҳои охир (аз соли 2008) мавриди омӯзиши бостоншиносони ватаниву рус қарор гирифтааст.

Дар ёдгории мазкур низ бозёфтҳо асрҳои 7-9 мелодӣ, бахусус дастхатҳои суғдӣ пайдо гардиданд, ки андешаи ба Матрушкати асримиёнагӣ мутааллиқ будани онро мустаҳкам менамоянд.

Ин буд як мисоле аз робитаи дастхатҳои суғдии Қалъаи Кӯҳи Муғ бо номгузории баъзе аз рустоқҳои Суғди асримиёнагӣ. Дастхатҳои суғдӣ аз мавҷудияти шаҳри асрмиёнагии барвақтаи Панҷакент низ шаҳодат дода буданд.

Бори аввал мо бо номи Панҷакент дар дастхатҳои суғдии аз Кӯҳи Муғ ёфтшуда, ки мутааллиқи чоряки аввали асри 8 ҳастанд, дучор меоем», – менависад шарқшиноси рус, яке аз таълифгарони матнҳои суғдӣ Олга Ивановна Смирнова. Асноди дастхатҳои Кӯҳи Муғ имкон медиҳанд, ки инчунин якчанд масоили ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Кӯҳистони Суғдро дар асрҳои 7-8 таҳлилу талқин намоем.

Масоили ҳифзи ёдгорӣ

Нодирияти ин ёдгорӣ ва муҳимияти бузургии илмии он аллакай ганҷинаи нотакрор будани ин ёдгории мероси таърихию фарҳангиро муайян менамояд. Вале масъалаи ҳифз ва нигоҳдошти он, ҳолати кунунии он, муарифии он ба доираи васеи ҷомеа хеле ташвишовар аст.

Чуноне, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад барои ҳифзи таблиғи ёдгории бостоншиносӣ, пеш аз ҳама, бояд якчанд тадбир андешида, чорабиниҳоро оид ба барқарорнамоӣ ва ҳифзу истифодаи ёдгории мероси таърихию фарҳангӣ ба роҳ монд.

Мувофиқи андеша ва таҷрибаи олимони хориҷӣ, яке аз роҳҳои наҷоти ёдгории бостоншиносӣ аз хавфи нобудшавӣ – ин ба «осорхона дар ҳавои кушод» табдил додани ёдгорӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳалли ҳамаҷонибаи масоили ҳифзи ёдгории бостоншиносӣ дар ҳолати имконпазир аст, ки агар ёдгориро ҳамчун як унсури ҷудонашавандаи ҳаёти фарҳанги ҷомеаи муосир пазируфт ва онро дар байни қишрҳои ҷомеаи муосир дар асоси асноди бостоншиносӣ талқин намуд.

Барои ҳалли масъалаи ҳафз, нигоҳдошт ва истифодаи Қалъаи Кӯҳи Муғ дар шароити муосир бояд ақаллан дар ноҳияи Айнӣ системаи ягонаи ҳифзи ёдгориҳоро мустаҳкам намуд; ҳамасола барои ҳифз, нигоҳдошт ва барқарорсозӣ чораҳо андешидан; ёдгориро дар якҷоягӣ бо дигар ёдгориҳои бостонии атроф ба сокинон, пеш аз ҳама, ноҳия ва ҷумҳурӣ тарғиб ва талқин намуд.

Оё ёдгориҳои бостоншиносии Қаъаи Кум ва Гардани Ҳисор метавонанд якҷоя бо ёдгории Қалъаи Кӯҳи Муғ як маҷмаи таърихӣ ва фарҳангиро ташкил диҳанд? Бале! Ба тадқиқоти соҳавии муаллифони муосир ва таҷрибаи нигоҳдошти ёдгориҳои бостонии мо метавон дар аввал чунин пешниҳод намуд: Муаррифии якчанд ёдгории ҳамасру ҳамҷавори дар ҳамсоягӣ мавҷудбуда.

Масалан, ёдгории асримиёнагии Кум, ки бо деворҳои баланд ва ҳуҷраҳои равоқпӯш ҳашамат ва намуди таърихии хубро метавонад пайдо намояд ва ёдгории Гардани Ҳисор дар якҷоягӣ бо Қаъаи Кӯҳи Муғ метавонанд як маҷмаи хуби сайёҳиро ташкил диҳанду аз гуногуншаклии ёдгориҳои асрмиёнагии минтақаи кӯҳистони асрҳои 7-8 шаҳодат диҳанд. Сайри ин ёдгориҳо дар якҷоягӣ метавонад таассуроти сайёҳону меҳмононро дучанд карда, ҳаводиси ибтидои асри 8-и мелодиро пеши назар оваранд; таъмини бехатарии ёдгорӣ ва ҳифзи он аз таъсири анропогенӣ ва табиӣ.

Пеш аз ҳама, коркард ва лоиҳаи маҷмаавии тармиму ҳифзи ёдгории бостоншиносӣ; таъмини дастрасии ёдгори барои ташрифи ё тамошои ҷомеаи васеи сайёҳон; таъмини иншоот ва дастгоҳҳои иловагӣ, ба монанди муаррифиномаҳо ва варақаҳои таблиғотӣ, махсусан дар шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент дар назди мавзеи «Оби Тоғмат».

Мавқеи ҷойгиршавии чашма ва мавзеи «Оби Тоғмат» дар доманаи қаторкӯҳи Туркистон ва ҷойгиршавии худи ёдгорӣ дар манзараи зебои доманаи қаторкӯҳи Зарафшон метавонад як мавзеи фарҳангиву фароғатӣ ва сайёҳӣ бошад. Аз ҳамин лиҳоз ҳифзу истифодаи самараноки ин ёдгорӣ метавонад, чӣ дар рушди туризми бостоншиносӣ ва чӣ дар рушди туризми кӯҳӣ мусоидат намояд. Афзалияти ин ёдгорӣ имкон медиҳад,то мо бо боварии комил иброз дошта бошем, ки ҳифзу истифодаи ин ёдгории таърихии мамлакат на танҳо барои ҷалби сайёҳон, балки барои олами илм низ муҳим аст.

Абдураҳмон ПӮЛОТОВ,

ходими илмии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон

АКС: Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва аз бойгонии бостоншинос Павел Луре

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.74
US TJS/USD10.65
EU TJS/EUR11.45
RU TJS/RUB0.11
07 Nov · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 07 Nov 2024 13:05 UTC
Latest change: 07 Nov 2024 13:05 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
21:05, November 7, 2024
temperature icon 10°C
Humidity 76 %
Pressure 1029 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph