Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион гардишгар ворид шудааст

То имрӯз шумораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсади хизматию истироҳатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 627 ҳазору 931 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 487 ҳазору 403 нафар ҳамчун сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Имрӯз, 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб […]

Баргузории сайёҳати шомгоҳон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ

Тибқи хатсайри омодагардида аз қисмати бегоҳи руз дар якҷояги бо Кумитаи рушди сайёҳи ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои кормандон ва ширкатҳои сайёҳӣ сайри мавзеъҳои сайёҳии пойтахт баргузор карда мешавад.

Ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати таҷлили 27 сентябр Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ

Дар чорабинии мазкур кормандони дастгоҳи марказии Кумита, намояндагони вазорату идораҳо, устодону коршиносони соҳаи сайёҳӣ, намояндагони меҳмонхонаҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд. Нахуст муовини Раиси Кумита Салимзода Зиёдулло ҳозиринро ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ табрику муборакбод намуда, барои пешрафту ноил гардидан ба дастовардҳои нав таманниётҳои нек намуданд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб […]

Табрикоти Раиси Кумитаи рушди  сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Камолиддин Муминзод бахшида ба таҷлили 27 сентябр “Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ”

Ҳамватанони азиз ва  ҳамкорони гиромӣ, Бо камоли эҳтиром ва самимияти хосса якояки Шуморо бо Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки ҳамасола 27 сентябр дар саросари кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад, табрику муборакбод менамоям. Имрӯз сайёҳӣ омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ миллӣ буда, воситаи хуби тарбияи ҷавонон дар руҳияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, эҳё ва оммавӣ гардонидани мероси таърихию […]