Санаи 23.09.2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Италия муҳтарам Серҷо Маттарелла барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Италия Ҷорҷо Наполитано боиси андӯҳи мо гардид.
Ҷаноби Наполитано бо фаъолияти сиёсии доманадори худ ҳамчун шахсияти боризи давлатӣ дар ҷомеаи Италия ва берун аз паҳнои он шинохти умум пайдо карда, соҳиби обрӯву эътибори шоиста гардида буд.
Ҷониби Тоҷикистон нақши марҳумро дар таҳкиму тавсеа ва рушди равобити неку ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Италия қадрдонӣ менамояд ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорад.
Лутфан таъзияву таслияти самимии инҷонибро ба ҳамаи пайвандону наздикони ҷаноби Наполитано ва мардуми дӯсти Италия бирасонед».