Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
12:38 pm, December 7, 2023
14°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1018 mb

Иштирок дар саммити ҳадафҳои рушди устувор

19 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка Саммити Ҳадафҳои рушди устувор таҳти унвони “Сафарбар намудани молия ва сармоягузорӣ, инчунин воситаҳои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони дигар давлатҳо, коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Ҳадафҳои рушди устувор бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти маблағгузорӣ, бартараф кардани омилҳои таъсирбахши он ба рушди кишварҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи Саммит андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд возеҳ дарк намояд, ки мавзӯи маблағгузорӣ барои рушд аз омилҳои муҳимми раванди ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки дар робита ба воқеияти феълии ҷаҳони муосир сохтори низоми байналмилалии молиявӣ таҷдид гардад.

“Кишварҳоро зарур аст, ки сиёсати масъулиятноки пулию қарзиро роҳандозӣ карда, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодиро тақвият бахшанд, то ки барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва ҷазиравӣҷиҳати татбиқи Рӯзномаи-2030 фазои мусоиди байналмилалӣ фароҳам оварда шавад”, изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҷиҳати рафъи оқибатҳои мушкилоти молиявию иқтисодӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидорҳои мавҷуда ба мақсади таъмин намудани рушди босамари иқтисодӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба хотири тавсеаи имкониятҳои маблағгузории бахши иҷтимоӣ талош меварзад.

Ба андешаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари равона кардани маблағҳои дохилӣ, фароҳамсозии шароити байналмилалии мусоид барои афзоиши истеҳсолот ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим мебозад. Барои мусоидати фаъоли кишварҳо ҷиҳати рушд зарурати бештар намудани ҳаҷми кумакҳо муҳим аст.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мо, бо дарназардошти хатару таҳдидҳои муосир, аз амалҳои махсус, ки ба рушд равона шудаанд, ҷонибдорӣ менамоем.

Пайомадҳои манфии хатару таҳдидҳои муосир ва оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ҷиҳати ноил шудан ба рушди устувор монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои самарабахшро дар самти коҳиш додани таъсири ин омилҳо ва муттаҳидсозии кӯшишҳои кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ зарур шумурданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.96
EU TJS/EUR11.83
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 07 Dec 
National Bank of Tajikistan
Check: 07 Dec 2023 03:55 UTC
Latest change: 06 Dec 2023 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
12:38 pm, December 7, 2023
14°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1018 mb