Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:36, July 27, 2024
temperature icon 37°C
Humidity 25 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph

“Бешаи Палангон” дар феҳристи мероси умумиҷаҳонӣ

Дар иҷлосияи 45-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки имрӯзҳо дар Арабистони Саудӣ идома дорад, «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

20 сентябри соли 2023 зимни ҷаласаи 45-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси моддии фарҳангии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, ёдгории табиии “Бешаи Палангон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» аввалин мамнуъгоҳи табиии давлатии Тоҷикистон буда, бо мақсади ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои нодири биёбону туғайзор ва ҳайвоноти хоси он таъсис дода шудааст.

Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон, дар минтақаи биёбон, дар байни дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон дар сарҳади Афғонистон, дар саргаҳи бузургтарин дарёи Осиёи Марказӣ — Амударё воқеъ мебошад. Майдони умумии заминҳои Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49,7 ҳазор гектарро ташкил дода, ҳудуди онро майдони васеи экосистемаҳои биёбону туғайзор дар соҳили чап ва рости дарёи Вахш фаро мегирад. Ҳудуди Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» асосан дар марзи маъмурии ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз гӯшаи табиати зебои Тоҷикистон ва макони дорои асрори хосси табиии бисёрасраи эволютсионӣ буда, робитаи тарафайни олами наботот ва ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ дар худ таҷассум менамояд.

Мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва ҷангали туғайи он то ҳол ҳолати табиии худро дигар накардааст ва дар ҳудуди он намудҳои нодир ва дар ҳолати маҳвшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот ҳифз ва нигоҳдорӣ мешаванд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.7
US TJS/USD10.64
EU TJS/EUR11.56
RU TJS/RUB0.12
27 Jul · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 27 Jul 2024 00:40 UTC
Latest change: 27 Jul 2024 00:40 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
11:36, July 27, 2024
temperature icon 37°C
Humidity 25 %
Pressure 1000 mb
Wind 4 mph
Wind Gust: 0 mph