Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
1:28 am, April 17, 2024
11°C
Wind: 0 mph
Pressure: 1022 mb

МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ ИСТИРОҲАТГОҲИ ТОБИСТОНА БАРОИ КУДАКОН ВА НАВРАСОНИ ЯТИМ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи “Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим” шинос гардида, барои бунёди иншооти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.

Зимни муаррифӣ иброз гардид, ки иншооти мазкур барои фароғату истироҳати мавсимии 200 нафар кӯдаку навраси ятим пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои ноҳияи Ховалинг бунёд ёфта, аз 3 ошёна иборат хоҳад буд, ки дар он 23 утоқ ҷой дода мешавад. Ҷойи хоби духтарон дар алоҳидагӣ ва аз писарон дар алоҳидагӣ бунёд хоҳад гашт.Ҳамчунин тибқи нақша дар истироҳатгоҳи мазкур синфхонаҳои омӯзиши касбу ҳунари духтаронаву писарона ташкил гардида, дар идомаи истироҳат кӯдакону наврасон ба машғулияти касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дарсҳои омӯзиши малакаи рассомӣ низ дар синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳаз гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар дохили истироҳатгоҳи мазкур толори тамошои синамо, толор барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ошхона барои истироҳаткунандагон бунёд гардида, роҳравҳои барҳавову зебо низ сохта ба истифода дода шавад.

Аснои муаррифии тарҳи мазкур иброз гардид, ки дар дохили бино ҳамчунин бунгоҳи тиббӣ, утоқи алоҳидаи муррабиён, ҳуҷраи хӯроктақсимкунӣ ҷой дода мешавад ва ҳамчунин истироҳаткунандагон метавонанд аз фаъолияти китобхонаи барҳаво низ ҳангоми истироҳат истифода баранд.

Намои берунаи иншоот низ бо дизайни зебову замонавӣ бунёд гардида, дар саҳни истироҳатгоҳ ҳавз барои оббозӣ, суҳбаткадаҳои зебову замонавӣ, майдони хурди варзишӣ ва як майдони замонавӣ барои бозиҳои футбол ҷой дода мешавад. Тибқи лоиҳа ҳамчунин пурра гирду атрофи иншоот сабзпуш карда шуда, барои сайру гашти истироҳаткунандагони низ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Истироҳатгоҳи тобистона барои кӯдакон ва наврасони ятим дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Раҳмидин Каримов бунёд карда мешавад ва тибқи нақша корҳои сохтмонии он то таҷлили 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида мешавад.

Бунёди иншооти мазкур имконият медиҳад, ки кӯдакону наврасони ятим таҳтилҳои худро дар шароити мусоиду мувофиқ пушти сар намуда, дар ин баробар ба омӯзиши касбу ҳунар дар ин ҷо ҷалб гарданд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Пешвои муаззами миллат чунин иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ хонда, барои фарҳамсозии шароити мусоид ба кӯдакону наврасони ятим дар ин истироҳатгоҳ ба масъулин маслиҳатҳои муфид доданд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
1:28 am, April 17, 2024
11°C
Wind: 0 mph
Pressure: 1022 mb