Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муминзод Камолиддин 2 январи соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,факултаи “Ҳуқуқшиносӣ”-ро бо дипломи аъло, соли 2012 Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон факултаи “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит” ва солҳои 2019-2020 Магистратураи байналмилалии оид ба идоракунии хариди давлатии факултаи “Иқтисодиёт”-и Донишгоҳи Тор Вергата, шаҳри Рим, Ҷумҳурии Италияро хатм кардааст
Кор ва фаъолияти собиқа: | |
Солҳои 2001-2006 | донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2006-2012 | донишҷӯи Донишгоҳи Cлавянии Россия ва Тоҷикистон |
Солҳои 2019-2020 | донишҷӯи (Магистратураи байналмилалии оид ба идоракунии хариди давлатии факултаи “Иқтисодиёт”) Донишгоҳи Тор Вергата, шаҳри Рим, Ҷумҳурии Италия |
Солҳои 2007-2010 | мутахассис, сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Маркази идораи Лоиҳаи «Лоиҳаи таҷдиди маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Соли 2010 (08-11) | сармутахассис оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳа «Лоиҳаҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва рушди устувории соҳаи пахтакорӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2011 | ёвар оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Лоиҳаи «Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ барои ҷавонони Тоҷикистон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2011-2012 | ҳамоҳангсози ҷумҳуриявӣ доир ба мониторинг ва баҳодиҳии «Лоиҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ миёни ҷавонони деҳот»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2012-2014 | директори КВД «Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе», дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2014-2016 | мушовири оид ба хариди Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳа «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2016-2018 | мушовир оид ба хариди Гуруҳи идоракунии Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2018-2019 | мутахассис оид ба хариди лоиҳаҳо дар Ташкилоти ҷамъиятии “Нури Умед” |
Солҳои 2019-2020 | мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳамоҳангсозии барнома, лоиҳа ва грантҳои маориф ва илми Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон |
Солҳои 2020-2023 | Муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аз 11 январи соли 2023 то ҳол | Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |