Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:58, December 21, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 37 %
Pressure 1022 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph

Тоҷикистони осоишта

Тоҷикистон кишвари маҳбуб ва ҷолиби диққати дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳониён гашта, бо симои кишвари амну осоишта дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа беҳтарин ва бештарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардид ва мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб намуда истодааст:

  • Маҷаллаи сайёҳии бритонии “Вандерласт” (“Wanderlust”) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард;
  • шабакаи иҷтимоии “Глоб Спотс” (“Globe Spots”) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додааст;
  • нашри русии маҷаллаи маъруфи “Нешнл Ҷеографик” (“National Geographic”) шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намуд;
  • маҷаллаи Топ – 100, куҳҳои Помирро ба руйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд;
  • Нашрияи “Зе Индепендент” “The Independent” пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд;
  • аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад;
  • Маҷаллаи сайёҳии бритонии “Вандерласт” (“Wanderlust”) Тоҷикистонро аз лиҳози низоми соддаи гирифтани раводид аз ҷумла, навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон дар мавқеи чорум ҷой додааст;
  • Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд.
  • Департаменти давлатии ШМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.
  • Дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин – 2018 маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардид. Минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором ҷои аввалро сазовор шуд.
  • Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 раддабандии кишварҳои сайёҳии хориҷиро таҳия карда, кишварҳои барои сайёҳони Россия маъруфтарини сайёҳии хориҷиро дар соли 2017 муайян намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи 50 кишвари хориҷии барои сайёҳони Россия маъруфтарин ТОР-50 ворид гардид.
  • Бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.
  • Институти таҳқиқотии иқтисод ва сулҳ (Institute of Economy and Peace) феҳрасти нави индекси кишварҳои амниятиро интишор сохт, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 зина боло рафтааст. Дар ин гуруҳ Тоҷикистон аз Туркманистон, Арманистон ва Штатҳои муттаҳидаи Америка, Россия, Туркия, Исроил боло меистад. 
  • Маҷаллаи байналмилалии “Financial Times” Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт кишваре ворид намуд, ки ба сайёҳон барои боздид  тавсия медиҳад.
  • Тибқи назарсанҷии сомонаи интернетии сайёҳии «com» Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин хатсайрҳо дар минтақаи Осиё дониста шуда, ба ин даҳгона инчунин Озарбойҷон, Ҷопон, Шриланка, Сингапур, Ҳиндустон, Чин, Индонезия низ ворид карда шудааст.
  • Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд. Раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» таҳия намудааст.
  • Мояи хушнудист, ки тибқи натиҷаҳои соли 2018 Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд.
  • Аз ҷониби Созмони ҳамкории иқтисодӣ шаҳри Душанбе “Пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021” интихоб гардид;
  • Дар соли 2019 тибқи назарсанҷии Агентии иттилоотии «ТурСтат» пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид.
  • Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2019» китоби доктор Дагмар Шрайбер ва Сония Билл таҳти унвони «Тоҷикистон бо Душанбе, Помир ва кӯҳҳои Фон» муаррифӣ ва ба иштирокчиёни намоишгоҳ тақдим карда шуд;
  • Яке аз расонаҳои бренди сайёҳии ҷаҳонӣ «AFAR» Тоҷикистонро тибқи натиҷаҳои соли 2018, аз рӯи афзоиши шумораи сайёҳон (190,1 фоиз зиёд) дар ҷойи аввал қарор дод.
  • Маркази таҳлилии амрикоии «Gallup» дар пайи як назарпурсии шаҳрвандони 142 давлати дунё Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст;
  • Рӯзномаи машҳури бритониёии «The Telegraph» дар шумораи 16 августи соли 2019 таҳти унвони «Шаҳри гумшуда пайдо шуд. Бостоншиносон «Мачу-Пиксу»-и Тоҷикистонро кашф карданд» мақола нашр намуд. Дар мақолаи болозикри «The Telegraph» дар бораи кофтукови шаҳри бостонии Карон дар қаламрави Тоҷикистон, ки чанд сол пеш аз ҷониби бостоншиносони Тоҷикистон кашф карда шуд, сухан меравад.
  • «Кохи Наврӯз»-и пойтахти Тоҷикистон ба сифати муъҷизаи муосир муаррифӣ гардида, ба қатори 8 муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай пазируфта шуд;
  • Дар соли 2019 расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла, расонаҳои маъруфи давлатии Федератсияи Россия-ТАСС, Ӯзбекистон-«УзА», Қирғизистон-«Кабар» доир ба рушди соҳаи сайҳӣ дар Тоҷикистон, табиати нодиру нотакрор, обҳои мусаффо, манзараҳои зебо, маконҳои таърихию фарҳангӣ мавод нашр намуда, Тоҷикистонро кишвари дорои иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ дар оинаи бозори байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ намудаанд;
  • Соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ғолиби ҷоизаи бонуфузи тиҷорат дар ҷаҳон«The BIZZ Business Excellence Award 2019» гардид;
  • Дар назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин назарсанҷиро «Lonely Planet» дар нашрияи солонаи худ вобаста ба 10 кишварҳои беҳтарини саёҳат, шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ, минтақаҳои беҳтарин ва арзишҳои беҳтарини саёҳат ва сафар арзёбӣ намудааст;
  • Маҷаллаи сайёҳии бритонии “Вандерласт” (“Wanderlust”) дар соли 2020, 7 муъҷизоти зебои табиӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ ва барои боздиди сайёҳон эълон кард, ки инҳо, пиряхи “Федченко”, “Гармчашма”, “Искандаркӯл, кӯли “Сарез”, долони “Вахон”, “Қарокӯл” ва “Чапдара” мебошанд;
  • Тоҷикистон дар рейтинги Индекси ҷаҳонии сулҳ, ки Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ (The Institute for Economics and Peace) таҳия намудааст, 12 зина боло рафт. Тоҷикистон дар байни 163 кишвар ҷои 105-умро ишғол намуд.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.67
US TJS/USD10.93
EU TJS/EUR11.36
RU TJS/RUB0.11
21 Dec · NBT · TJS
National Bank of Tajikistan
Check: 21 Dec 2024 00:50 UTC
Latest change: 21 Dec 2024 00:50 UTC
API: CurrencyRate
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

loader-image
Dushanbe
16:58, December 21, 2024
temperature icon 12°C
Humidity 37 %
Pressure 1022 mb
Wind 7 mph
Wind Gust: 0 mph