Кумитаи рушди сайёҳӣ дар гӯшаҳои иттилоотии сайёҳӣ дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва гузаргоҳҳои наздисарҳадии нақлиётӣ ва таъмини ин гӯшаҳо бо маводи иттилоотиву таблиғотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буклетҳои сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, наворҳои видеоӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва дигар маводҳои таблиғотӣ таҳия ва нашр карда, дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ паҳн карда истодааст.
Дар ҳамкорӣ бо милитсияи сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ гушаҳои хизматрасонии милитсияи сайёҳӣ дар гузаргоҳҳои Дустӣ, Саразм, Термез, Спитамен, ноҳияи Мастчоҳ, мамнугоҳҳои таърихию фарҳангии “Қалъаи Ҳисор”, “Қалъаи Хуҷанд” ташкил гардида, дар онҳо маводҳои иттилоотии сайёҳӣ ҷойгир мебошанд.
Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатӣ дар толори пазироии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва терминали мусофирбарии ASAIN EXPRESS маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуда, дар он маводҳои сайёҳӣ аз қабили буклет, брошура, харита, руқъаҳо ва дигар маводҳо бо забони давлатӣ ва хориҷӣ дар шакли чопӣ ва электронӣ ҷойгир карда шуданд.
Ҳамчунин дар гузаргоҳҳои сарҳадии “Панҷи поён”-и ноҳияи Ҷайҳун, “Айвоҷ”-и ноҳияи Шаҳритус, фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб гушаҳои иттилоотии сайёҳӣ ташкил карда шудааст.