Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
12:37 am, April 17, 2024
11°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1023 mb

Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ

Ҳамкорӣ бо Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (ФУШС)

Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбӣ ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст.

Қобили тазаккур аст, ки аз 7 то 9 сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Саммити Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони як қатор кишварҳои ҷаҳон, коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ, олимон, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ карда, рӯзи 8 сентябр маросими расмии супоридани шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) баргузор гардид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли равон бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.

Ёдовар мешавем, ки Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ яке аз чунин ташкилотҳои бонуфузи соҳаи сайёҳӣ буда, раёсати Федератсияро шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин пеш мебарад. Зиёда аз 130 шаҳрҳои дунё ва 70 узви институтсионалӣ аз ҳисоби ширкатҳои калони сайёҳӣ, ассосиатсияҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ва истироҳатгоҳҳо шомили Федератсияи мазкур мебошанд.

Федератсия дар самти гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ, баргузор намудани омӯзишҳо ва машваратҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори соҳа, ташкили намоишгоҳҳои сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳрҳо ва дар маҷмӯъ вобаста ба рушди сайёҳӣ дар шаҳрҳои хурду калон имкониятҳои калон дошта, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

Узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) ба муаррифӣ гардидани имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамкориҳоро бо Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ  (WTCF) ба роҳ монда истодааст.

Шаҳри Душанбе хонаи умеди тоҷикони дунё буда, таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро торафт ҷалб намуда истодааст. Шаҳр ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои захираҳои бойи сайёҳию инфрасохтори мукаммал буда, тули солҳои охир ба макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ табдил ёфт ва дар таҳкиму тақвият бахшидани нуфузи байналмилалии Ватанамон нақши бузург дорад.

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
12:37 am, April 17, 2024
11°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1023 mb