Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои Охирин

Обу ҳаво

Dushanbe
1:08 am, April 17, 2024
11°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1023 mb

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузорӣ Душанбе – 2023

29 сентябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе — 2023 оғоз гардид.

Дар кори форум беш аз 600 нафар соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва як қатор давлатҳои олам иштирок менамоянд. Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023 Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми видеоӣ ба иштирокчиёни Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023 муроҷиат намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори форум барору комёбӣ орзу намуда, дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои кишвар ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони хориҷӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни онҳо ҷиҳати муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёти минтақа ва ҷаҳон имконияти мусоид фароҳам меоварад. Дар баробари ин, чунин чорабиниҳо ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳо ва бахусус, байни соҳибкорону сармоягузорон мусоидат менамоянд.

Дар кишвар бо мақсади таъмин намудани заминаи устувори амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ механизми баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ, ки дорои имконияти пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ва кафолатҳои иловагӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 40 кишвари хориҷӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ созишнома имзо намудааст.

“Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодоти сармоягузоронро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ карда, онҳоро дастгирӣ намояд”, изҳор доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо истифода аз фурсат Сарвари давлат сармоягузорони хориҷиро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории зичу судманд ва таъсис додани ширкатҳои муштарак дар самтҳои гуногун даъват намуданд.

Форуми мазкур дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо баргузор намудани ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Мавзуъҳои баррасишаванда дар ин  нишастҳо  -«Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат- омили асосии  рушди иқтисодӣ  ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ», «Тоҷикистон- мамлакати  энергияи «сабз», иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Точикистон», «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи  кишоварзӣ  ба бозори ҷаҳонӣ»,  «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ», «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди  соҳаи  дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.

Интизор меравад, ки дар рӯзи дуюми баргузории форуми мазкур иштирокдорон аз  корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе,  Норак ва Турсунзода  боздид намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Хабарҳои Охирин

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурби асъор

GB TJS/GBP13.81
US TJS/USD10.94
EU TJS/EUR11.85
RU TJS/RUB0.12
NBT · TJS · 09 Apr 
National Bank of Tajikistan
Check: 09 Apr 2024 03:40 UTC
Latest change: 08 Apr 2024 19:25 UTC
Disclaimers. This plugin or website cannot guarantee the accuracy of the exchange rates displayed. You should confirm current rates before making any transactions that could be affected by changes in the exchange rates.
You can install this WP plugin on your website from the WordPress official website: Exchange Rates🚀

Истинодҳои муфид

Обу ҳаво

Dushanbe
1:08 am, April 17, 2024
11°C
Wind: 2 mph
Pressure: 1023 mb