Имрӯз бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои сайёҳӣ дар маҳал ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба баррасии натиҷаи фаъолияти Кумита дар нуҳмоҳи соли равон вазифагузориҳо то охири соли 2021 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ аҳамияти махсус зоҳир менамояд ва дар ин замина бо мақсади тавсеаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳо ва захираҳои сайёҳии мамлакат ба ҷаҳониён тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида мешаванд.

Имрӯзҳо дар заминаи таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат иншооти зиёди хизматрасонӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳал мусоидат менамоянд.

Соли равон дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои узви СҲИ барои солҳои 2020-2021 чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла Фестивали байналмилалии “Душанбе-пойтахти сайёҳии узви кишваҳои СҲИ” ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм, дар доираи таҷлили 20 – солагии Созмони ҳамкории Шанхай форуми сайёҳии СҲШ, ҷаласаи вохӯрии роҳбарони маъмурияти сайёҳии давлатҳои аъзои СҲШ, фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ гузаронида шуданд, ки барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ аҳамияти хоса дорад.

Масъулини мақомоти маҳаллӣ бо дарназардошти соли ниҳоии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои  фаъолияти пурсамар ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои банақшагирифта, таъмини рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ, сари вақт пешниҳод намудани таҳлилҳо, ташвиқи хатсайрҳои сайёҳӣ аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ, вазъи тозагии мавзеъҳои сайёҳӣ, тарғиби имкониятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дастурҳои мушаххас гирифтанд.