Имрӯз, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар маросими ифтитоҳи иншооти сайёҳӣ ва суханрониашон дар таҷлили ҷашни 5500 – солагии Саразми бостонӣ баён доштанд, ҷаласаи корӣ бо иштироки раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ширин Амонзода ва масъулини марбутаи сайёҳии вилояти Суғд ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Панҷакент доир гардид.
Тазаккур дода шуд, ки бо вуҷуди пешравиҳои сайёҳӣ дар минтақа ҳануз ҳам дар муаррифии зарфиятҳои сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят монеаҳои зиёд мавҷуданд. Иншооти ифтитоҳшудаи сайёҳӣ фаъолияташон мунтазам бояд самаранок буда, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ ба сифати фаъолияти марказҳои иттилоотии сайёҳӣ ва хатсайрҳои пешниҳодшуда диққати зарурӣ равона созанд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаҳои бунёди инфрасохтори сарироҳӣ дар шоҳроҳи пойгоҳи таърихию фарҳангии Саразм бо ҷалби соҳибкорону шарикони рушд, таҳияи консепсияҳои маркази иттилоотии сайёҳӣ, маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва маркази иттилоотию хизматрасонии сайёҳии сарироҳӣ, гузаронидани тренингҳо аз ҷониби Шӯрои туризми Зарафшон бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ва муассисаҳои таълимӣ бо мақсади омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷалби бештари аҳолӣ ба соҳа, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, таҳияи хатсайрҳои ҷолиб, муайян намудани нархномаи меҳмонхонаҳо ва басти хизматрасониҳо дар маводҳои иттилоотӣ бо мақсади осон намудани интихоби сайёҳ аз маҷмуи хизматрасониҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби раиси Кумита ба масъулин дастуру тавсияҳои зарурӣ дода шуд.