Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш зери унвони «Забон – ҳастии миллат» бо иштироки намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш ҳамеша таъкид месозанд, ки насли ҷавони мо бояд огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кушиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд.
Акнун вазифаи ворисони забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз газанди боду борони замониҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки имрӯз нақши забони давлатӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ бузург мебошад. Аз ҷумла, роҳбаладон, ки ҳамеша бо ҷаҳонгардон сайр мекунанд, дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ, бояд аз таъриху фарҳанг ва нозукиҳои забони халқи худ бохабар бошанд. Зеро сайёҳон маҳз тавассути онҳо дар бораи Тоҷикистон тасаввурот пайдо мекунанд. Бардошти сайёҳон аз бисёр ҷиҳат аз роҳбаладон вобаста аст.
Дар кори ҳамоиш Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким оид ба нақши забони давлатӣ дар ташаккули фарҳанги миллӣ сухан ронда, аз вазъи таърихӣ ва баъдан дар шароити боз ҳам душвори эҳё ва таҳкими бунёди иқтисоди миллӣ ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут ба устувор намудани пояҳои давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба рушду густариши забон ёдовар шуд.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш мудири шуъбаи экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳот Мавҷигул Давлатшоева атрофи рушди забоншиносӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш изҳор гардид, ки мо маҳз тавассути сарҷамъӣ ва ҳифзи беолоиши забони тоҷикӣ, ки яке аз рукнҳои асосии ҳувияти миллии тоҷикистониён мебошад, пояҳои давлату давлатдории мустақилонаи худро боз ҳам мустаҳкам карда, ҷойгоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ ба сатҳи арзанда расонем ва дар ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мақоми шоистаи худро пайдо кунем.