ҲАМКОРИ

Ҳамкорӣ бо кишварҳои дигар

1. Ҷумҳурии Қазоқистон “14 марти соли 2018 дар Остона Меморандуми ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳҳомии ширкати миллии” Қазоқистон Туризм “ба имзо расид

2. Давлати Кувайт “Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт барои солҳои 2020-2023” 11 ноябри соли 2019 дар шаҳри Ал-Кувайт ба имзо расид.

3. Аморати Муттаҳидаи Араб “Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм” 19 марти соли 2016 дар Дубай ба имзо расид

4. Шри Ланка “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Демократии Шри Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм” 13 декабри соли 2016 дар Коломбо ба имзо расид

5. Шоҳигарии Иордания “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Урдун дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм” 9 декабри соли 2017 дар шаҳри Аман ба имзо расид.

6. Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм” 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.

7. Федератсияи Россия “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм” 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москва ба имзо расид.

8. Конфедератсияи Швейтсария “Ёддошти тафоҳум байни Ташкилоти Миллии Маркетингии Швейтсария ва Кумитаи рушди Туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм” 6 ноябри соли 2019 дар шаҳри Берн ба имзо расид.

9. Фаронса “Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Фаронса” 8 ноябри соли 2019 дар Порис ба имзо расид.